Абдулҳамид Муҷоҳид, яке аз фармондеҳони пешини Толибон* дар Бадахшон, ки ахиран бо нерӯ ва ҷангафзорҳояш ба Ҷабҳаи муқовамати миллӣ пайваст, дар як даргирӣ миёни Ҷабҳа ва Толибон дар мавзеи Танг Шиви вулусволии Мойми вилояти Бадахшони Афғонистон кушта шудааст.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат хабари кушта шудани ин фармондеҳро дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” тасдиқ кардааст.

Дар робита ба ин даргирӣ, рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки дар даргириҳо миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ва  Толибон, ки даҳ тан аз нерӯҳои Ҷабҳа асир афтодаанд, панҷ ҷангҷӯи толиб низ кушта шудаанд.

Манбаъ афзудааст, ки Толибон нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллиро пас аз асорат, шиканҷа дар як додгоҳи саҳроӣ тирборон кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, “BBC”-и форсӣ навиштааст, ки Абдулҳамид Муҷоҳид бо панҷ тан аз ҳамроҳонаш дар минтақаи Шива, дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон кушта шудааст. Ин расона хабар додааст, ки ҷасади 40 ҷангҷӯи Толибро ба шаҳри Файзобод, маркази Бадахшон бурдаанд.

Абдулҳамид Муҷоҳид, ки ду моҳ пеш бо эътироз ба сиёсати қавмгароёнаи Толибон аз ин гурӯҳ ҷудо шуд, тоҷиктабор ва зодаи ноҳияи Яфтали Бадахшони Афғонистон буд.

Бояд гуфт, ки даргириҳо миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ва Толибон тайи чанд рӯзи ахир дар бархе вулусволиҳои Бадахшон ҷараён дорад, ки ҳарду тараф талафот додаанд.

Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли гузашта, баъди забти ҳокимияти Афғонистон аз сӯи Толибон, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғоинстон Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер ташкил  ва муборизаро бар зидди Толибон оғоз кард. Ҳоло Ҷабҳа дар Панҷшеру Андароби Бағлон ва вилояти Бадахшону Тахор зидди Толибон меҷанганд.

Ёдовар мешавем, ки аз ғасби ҳокимяти Афғонистон аз тарафи Толибон беш аз як сол гузашт, вале то ҳол ҳеҷ давлат ё созмоне ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.