Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия пешниҳод кардааст, ки масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ, мактаб ва донишгоҳҳо аз сӯи занон ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуда, ба қонуни асосии ин кишвар ворид гардад. Дар ин бора Еuronews бо такя ба суханронии раисиҷумҳур тавассути шабакаи телевизионии ТРТ хабар медиҳад.
Эрдуғон рӯзи 22-юми октябр дар бораи ироаи тарҳи қонуни мазкур ба порлумон гуфтааст, бигзор ҳуқуқи занон ба пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ, мактаб ва донишгоҳҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад ва мардум тасмими ниҳоиро бигиранд.
Ӯ ин пешниҳодро дар вокуниш ба изҳороти Комил Киличдоруғлу, раҳбари Ҳизби Халқии Ҷумҳурихоҳ (ҲХҶ), ки муътақид аст, дар ин кишвар бояд қонуне ба тасвиб бирасад, ки ҳаққи пӯшиши ҳиҷобро кафолат диҳад, то назарҳои духӯра рафъ шаванд, баён дошт.
Эрдуғон дар муроҷиат ба Камол Киличдароғлу гуфтааст, “агар ҷуръат доред, биёед, инро ба як раъйпурсӣ гузорем, бигзор миллат дар ин бора тасмим бигирад”.
Аммо Қиличдароғлу тарҳи баргузории раъйпурсиро рад карда ва Эрдуғонро муттаҳам намудааст, ки ба Виктор Орбан, раҳбари миллатгароёни Маҷористон пайравӣ мекунад.
Қаблан Эрдуғон пешниҳод карда буд, ки ба Қонуни асосӣ ислоҳот ворид шавад, то ҳуқуқи занон дар пӯшидани либоси мусалмониро кафолат диҳад.
Бояд гуфт, дар Туркия, ба далели қонуни асосии дунявӣ, пӯшидани рӯймол дар муассисаҳои давлатӣ муддати тӯлонӣ мамнӯъ буд. Аммо дар соли 2013 ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон бисёре аз ин маҳдудиятҳоро лағв кард.
Эрдуғон аксар вақт худро раисиҷумҳури тарафдори мусалмонон мехонад ва борҳо дар назди элитаҳои дунявии Туркия иддао кардааст, ки агар ӯ намебуд, маҳдудиятҳои зиёде алайҳи мусалмонон то ба ҳол боқӣ мемонд.
Баҳси пӯшидани ҳиҷоб ахиран дар Туркия, дар наздикии интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва порлумонӣ доғ шуд, дар ҳоле ки ҳеҷ як ҳаракат ё созмони сиёсӣ дар ин кишвар, то кунун дар бораи “мамнӯъияти ҳиҷоб” ҳарф назадааст.
Дар Туркия ҳизби ҳокими “Адолат ва рушд” қаблан борҳо талош карда буд, ҳадди аққал мамнӯъияти пӯшидани ҳиҷобро дар донишгоҳҳо лағв кунад, аммо Қонуни асосии ин кишвар дар моҳи июли соли 2008 ин талошҳоро ҷилавгирӣ кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста