Ҳафтаи гузашта, 2-юми декабр, Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз чеҳраҳои ихтилофбарагез ва пурмоҷарои сиёсати Афғонистон аз як сӯйиқасд ҷон ба саломат бурд. Дар ин бора аввал расонаҳои Афғонистон ва баъдан худи Ҳикматёр низ дар як паёми видеоӣ хабар доданд.
Гулбиддин Ҳикматёр гуфт, ки “ду муҳоҷими интиҳорӣ бо чодари занона ба дафтари Ҳизби исломии Афғонистон ҳамла карда, тирандозӣ намудаанд”.
“Рӯзи ҷумъа афроди мусаллаҳ ҳангоми адои намози ҷумъа ба масҷиди Ҳизби исломии Афғонистон, воқеъ дар дафтари марказии ин ҳизб дар Доруламон, дар ҳавзаи шашуми амниятии шаҳри Кобул, ҳамла карданд”, - гуфта мешавад дар хабари расонаҳо.
Таъкид мегардад, ки муҳоҷимон бо як мошини тамғаи “Тойота королла” ба маҳали наздики масҷиз ҳозир шуда, ба тирандозӣ шуруъ кардаанд ва хутбаи намози ҷумъаро вайрон кардаанд
Бар асари ин ҳамла, як тан кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин, худи нафарони ҳамлавар низ кушта шудаанд.
Ҳизби исломии Афғонистон бо интишори баёнияе гуфт, ки дар ин ҳамла ба Ҳикматёр ва дигар раҳбарони ин ҳизб осебе нарсидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маъруфи ҷангу ҷиҳоди ин кишвар, ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст. Ӯ, ки пас аз чандин соли фирор аз Афғонистон, дар пайи як созиш бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ, президенти фирории ин кишвар, ба Кобул омадаву зиндагӣ ихтиёр кардааст, аз аксари иқдомоти Толибон* ба ҳар навъе ҷонибдорӣ мекунад.
Ҳамла ба сафири Покистон
Баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа, 2-юми декабр, сафири Покистон дар Кобул, ки дар назди сафорат дар ҳоли қадам задан буд, мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” иттилоъ медиҳад.
Ин нашрия менависад, ки дар ин ҳамла Убайдурраҳмон Низомонӣ, сафири Покистон дар Кобул осеб надидааст. Аммо як муҳофизи сафорат захмӣ шудааст.

Пас аз ин ҳамла гуфта мешуд, ки Покистон мехоҳад дипломатҳои худро аз Афғонистон ба гунаи муваққат хориҷ кунад. Аммо ба тозагӣ вазорати умури хориҷаи Покистон гуфтааст, ки ҳадафи бозхонди сафири ва кормандони сафоратхонаи худ аз Кобулро надорад.
Гурӯҳи ДОИШ* рӯзи якшанбе, 4-уми декабр, бо нашри хабарномае гуфтааст, ки «ба сафири Покистон ва нигаҳбононаш» ҳамла кардааст.
Ин дувумин сафоратхона дар Афғонистон аст, ки дар аҳди Толибон мавриди мамлаи мусаллаҳона қарор мегирад. Қаблан дар наздикии консулгарии сафорати Русия дар Кобул низ таркиш рух дода буд, ки дар пайи он шаш нафар, аз ҷумла ду нафар корманди сафорати ин давлат ба ҳалокат расида, чандин нафари дар он макон ҳузурдошта захмӣ шуданд. Масъулияти он таркишро ДОИШ ба зимма гирифта буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста