Дирӯз, 14-уми декабр, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ҷонибдории 153 кишвари узви ин созмон соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
“Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст”, - гуфта мешавад дар ин хабар.
Ин ташаббус ҳанӯз моҳи марти соли 2021, зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ироа шуда буд.
Он замон Президенти Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Ҳамин тавр, СММ бо мазмуни зайл қатънома қабул кард:
- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста