Тоҷикистон барои узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шудани Эрон ҳама ӯҳдадориҳои худро анҷом додааст ва интизор меравад, соли 2023 ин кишвар шомили СҲШ шавад. Дар ин бора Аҳмад Саидмуродзода, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар СҲШ ба хабаргузории эронии “Форс-Нюз” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷониби Тоҷикистон дар бораи анҷоми расмиёти дохилии марбут ба эътибор пайдо кардани ёддошти тааҳҳудоти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай иттилоъ додааст.
“Дар ёддошти тааҳҳудоти Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эрон ба гирифтани мақоми узвияти комил дар ин созмон пешниҳод шудааст. Ба ин тартиб, ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар роҳи вуруди Эрон ба ин созмон ба унвони узви комилҳуқуқ иҷро кард”, - афзудааст Саидмуродзода.
Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, интизор меравад дар аввали моҳи июли соли равон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ҳиндустон дар мавриди анҷоми раванди қабули Эрон тасмим гирифта шавад ва Эрон узви комилҳуқуқи ин созмон гардад.
Аҳмад Саидмуродзода гуфтааст, Тоҷикистон ташаббускори дархости Эрон дар СҲШ буд ва ин масъала аз авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон дар давоми солҳои 2020-2021 маҳсуб меёфт.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ин созмон, ки 17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор шуд, тасмими Шӯрои сарони кишварҳои узв дар бораи оғози раванди пазируфтани Эрон ба узвияти СҲШ гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай 15-уми июни соли 2001 таъсис ёфта, ба он Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Ӯзбекистон ва Русия шомиланд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон мақоми нозирро дошта, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка кишварҳои шарик мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста