Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари Толибон* дирӯз, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки дар робита ба мамнуъияти навохтани мусиқӣ дар тӯйю маъракаҳо бо Вазорати адлия муштаракан ин тасмимро гирифтаанд.
Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар эълони ин вазорат омадааст, "дар ҷаласаи баррасии толорҳои арӯсӣ масъулини вазорати адлия аз соҳибони меҳмонхонаҳо хостаанд, ки аз навохтани мусиқӣ ва корҳои хилофи меъёрҳои исломӣ худдорӣ кунанд".
Гуфта мешавад Толибон* ба тӯйхонаҳои арӯсӣ ҳушдор додаанд, ки ин масъаларо пайгирӣ хоҳанд кард ва бо қонуншиканон ҷиддан мубориза хоҳанд бурд.
Толибон пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон, қонунҳои сахтгиронаеро болои шаҳрвандони ин кишвар ҷорӣ карданд.
Қаблан низ Вазорати амри маъруфи ин гуруҳ борҳо аз соҳибони меҳмонхонаҳои арӯсӣ ба таври шифоҳӣ хоста буданд, ки дар тӯю маъракаҳо ба пахши мусиқӣ иҷоза надиҳанд.
Дар ҳамин ҳол иддаоҳое вуҷуд доранд, ки ширкаткунандагони шабнишинӣ дар меҳмонхонаҳои арӯсии Кобул ба маъмурони амниятии Толибон* барои навохтани мусиқӣ дар шабнишиниҳои худ боҷ медиҳанд.
Толибон* аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар баробари маҳрум кардани занону духтарон аз таҳсил, омӯзиш ва кор, ҳузури онҳоро дар боғҳои тафреҳӣ, тарабхонаҳо ва сафарҳои бидуни маҳрам низ манъ карда, ҳамин тариқ барои кормандони давлатӣ риш ва кулоҳ пӯшиданро иҷборӣ карданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Бунёни ошиқ”
Муҳоҷиронро соли 2025 дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2025
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста