Имсол беш аз 2 миллиону 600 ҳазор мусулмон аз саросари ҷаҳон барои иҷрои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Ин пас аз пандемияи каранавирус нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора хабаргузории “Ал-Арабия” бо такя ба Кумитаи ҳаҷ ва зиёрати Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, барои кумак ба миллионҳо мусулмон 14 ҳазор корманди кумита ва беш аз 8 ҳазор ризокори ихтиёрӣ сафарбар шудаанд.
“Мақомоти марбута ҳамчунин дар маконҳои муқаддаси Макка ва Мадина беш аз 170 бемористон ва маркази саломатиро барои хидмат ба зоирон омода кардаанд”, - менависад хабаргузорӣ.
Бояд гуфт, ки дар 20-солаи охир теъдоди рекордии зоирони ҳаҷҷи фарзӣ дар соли 2012 ба қайд гирифта шудааст ва он беш аз 3 миллиону 160 ҳазор нафарро ташкил мекунад.
Аммо соли 2020 бар асари бемории фарогири коронавирус барои адо кардани ин рукни дини ислом сафари ҳамаи зоирон аз саросари ҷаҳон ба Арабистони Саудӣ манъ карда шуд ва дар ин сол бо маҳдудияти зиёд дар Макка ва Мадина маросими ҳаҷҷи фарзӣ баргузор гашт.
Дар дусолаи баъдӣ бар асари боқӣ мондани бемории коронавирус дар маросими ҳаҷ баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуда буд. Имсол ҳама маҳдудиятҳои гузошташуда барҳам дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол 7 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои гузаронидани маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Сафари зоирони тоҷик рӯзи 10-уми июн оғоз шуда, то ба ҳол идома дорад.



Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста