Дар миёни қурбониёни эътирозҳо ва боздоштшудаҳо дар Фаронса шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.
“Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Фаронса қарор доранд, хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати зарурӣ ба рақамҳои сафорати ҷумҳурӣ дар ин кишвар занг зананд: +330170929342”,- гуфт Шоҳин Самадӣ.
Эътирозҳо дар шаҳрҳои бузурги Фаронса шаби панҷум аст, ки пай дар пай идома дорад. Ин эътирозҳо пас аз марги Ноэл Мерзук, навраси 17-сола, ки шаҳрванди Фаронса бо табори алҷазоирӣ буд, оғоз ёфт. Ӯро полиси Фаронса барои итоат накардан ба талаби нозири роҳ дар ноҳияи Нантер кушт. Ин боиси хашми сокинони Фаронса гашт ва онҳо ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо талаб доранд, ки қатли пайвастаи фаронсавиҳои муҳоҷиршуда хотима дода шавад.
Дар оғоз полиси Фаронса иброз дошт, ки Ноэл Мерзук кормандони полисро ҳадаф қарор дода буд, аммо баъдтар навори аз ҷойи ҳодиса сабтшуда нишон дод, ки нозирони роҳ Ноэлро ҳадаф қарор дода, пас аз ба ҳаракат оғоз кардани мошини ӯ, мепаронанд. Айни ҳол корманди полисе, ки оташ кушода буд, ба ҳабс гирифта шудааст.
Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса ба наздикони мақтул изҳори ҳамдардӣ карда, ҳодисаро нобахшиданӣ номид.
Роҳбарияти полиси Фаронса, ки дар чунин ҳолатҳо одатан аз мавқеи кормандони худ ҳимоят мекунад, пас тамошои навори куштор, онро “ҳайратовар” номид.
Ҳанӯз хисороти дақиқ аз эътирозҳо маълум нест. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Фаронса, танҳо шаби 2 июл 577 мошин ва 74 бино сӯхта шудааст. Дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қариб 870 сӯхтори дигар ба кайд гирифта шудааст.
Теъдоди боздоштшудагон дар ҷараёни ошӯб аз 3 ҳазор нафар гузашт. Дар саросари кишвар ба таври иловагӣ 45 000 корманди ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шуданд. Дар задухӯрд бо эътирозгарон камаш 45 афсари полис ва жандармерия ҷароҳат бардоштанд.
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, хостори хотима додан ба хушунат ва риояи оромӣ шуд, то “адолат пирӯз шавад”.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста