Рӯзи сешанбе Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ)-и СММ изҳор дошт, ки дар ин моҳ кумак бо маводи хӯрокворӣ ба 2 млн нафар дар Афғонистон коҳиш меёбад. Барнома бо ишора ба “камбуди ниҳоят зиёди маблағгузорӣ” маҷбур аст, ки тадбирҳои қатъӣ андешад ва танҳо аз моҳи октябр метавонад танҳо ба 3 млн нафар дар саросари кишвар кумаки фавқулода расонад.
Сяо-Вей Ли, директори кишварӣ ва намояндаи БОҶ дар Афғонистон гуфтааст: "Дар пасманзари сатҳи бе ин ҳам нигаронкунандаи гуруснагӣ ва камғизоӣ, мо маҷбурем, ки байни гурусна ва айни замон дар гуруснагӣ қарор доштагон интихоб кунем, ки дар натиҷа миллионҳо оила маҷбур мешаванд, ки барои хӯроки нисфирӯзии худ мубориза баранд".
Бино ба маълумоти ин созмон, шумори умумии ниёзмандон дар ин кишвар ба 15 млн нафар наздик мешавад.
Коҳиши маблағгузорӣ маънои онро дорад, ки 1,4 млн зани ҳомиладор, модарони ҷавон ва фарзандони онҳо дигар ғизои махсуси заруриро нахоҳанд гирифт, гуфтаанд дар СММ. Дар моҳҳои оянда, БОҶ аз афзоиши босуръати шумораи зангҳо ба марказҳои ғизодиҳӣ интизорӣ дорад, зеро зинда мондани кӯдакон дар чунин шароит торафт душвортар мешавад.
«Бо сатҳи бе ин ҳам баланди гуруснагӣ ва камғизоӣ, мо маҷбурем, ки байни дастгирии одамони камғизо ва дастгирии гуруснагон интихоб дошта бошем, ки дар натиҷа миллионҳо оилаҳо ба дарёфти мустақилонаи ғизо маҷбур мешаванд. Бо захираҳои ками мо, ки дар ихтиёрамон ҳастанд, мо наметавонем ба ҳама одамоне, ки дар остонаи қашшоқӣ қарор доранд, ёрӣ расонем”, - шарҳ додааст намояндаи Барнома.
Дар робита ба афзоиши босуръати талабот дар саросари ҷаҳон, БОҶ аз ҳукумати кишварҳои мададрасон даъват кардааст, ки ба маблағгузории амалиёти башардӯстона афзалият диҳанд.
Дар изҳорот ҳамчунин ишора шудааст, ки аз замони сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон дар соли 2021, онҳо як қатор фармонҳо содир кардаанд, ки ба "табъизи ҷинсӣ" ва нақзи мунтазами ҳуқуқи занону духтарон равона шудаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста