Меҳроҷ Ҳайдарови 29-сола, як зодаи Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳе дар шаҳри Маскав барои саркашӣ аз сафарбаркунӣ ва адои хидмати ҳарбӣ гунаҳкор эътироф шуда, ба 5 соли ҳабси шартӣ маҳкум гардидааст. Ӯ бемории модарзодӣ, яъне мушкили шунавоӣ доштааст.
Дар ин бора телеграм-канали “Военные адвокаты” хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин манбаъ, Меҳроҷ Ҳайдаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, барои сафарбаркунӣ ба ҷанги Русия дар Украина даъват шудааст. Ӯ, ки беморӣ – мушкили шунавоӣ доштааст, бовар кардааст, ки аз сафарбарӣ озод хоҳад шуд.
“Кормандони комиссариати ҳарбӣ бо ваъдаи озод шудан аз сафарбарӣ ӯро водор мекунанд, ки “ҳуҷҷатҳои заруриро” имзо намояд. Ӯ ҳуҷҷатҳоро нахонда, варақаи сафарбарии ихтиёриро имзо кардааст”, - менависад ин пойгоҳ.
Гуфта мешавад, ки ӯро ба қисми ҳарбӣ мефиристанд, аммо Ҳайдаров пас аз чанде қисми ҳарбиро тарк мекунад, зеро даъвати худ ба хидматро ғайриқонунӣ ҳисобидааст. Пас аз панҷ моҳ ӯ дар метрои Маскав боздошт гардида, нисбати ӯ бо моддаи 337, қисми 5 Кодекси ҷиноятии Русия парванда оғоз гардидааст.
Ҳамин тавр, додгоҳ Меҳроҷ Ҳайдаровро ба 5 соли зиндони шартӣ маҳкум намудааст.
Бояд гуфт, ки дар Русия соли 2022 сафарбаркунии ҷузъӣ эълон шуд ва дар доираи он беш аз 250 ҳазор нафар даъват шуданд. Ҳарчанд масъулини Вазорати дифои Русия эълон карданд, ки сафарбаркунӣ ба анҷом расидааст, аммо дар ин хусус ҳеҷ фармони хос содир нашудааст.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста