Раиси ҳукумати Чеченистон Муслим Хучиев пешниҳод кард, ки Оиша Қодирова (Айшат Кадирова)-и 24-сола ба мақоми муовини нахуствазири Чеченистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъйин карда шавад. Дар ин бора телеграм-канали Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон иттилоъ медиҳад.

Рамазон Қодиров ин пешниҳодро дастгирӣ кардааст.

“Ман пешниҳодҳои Муслим Хучиевро дастгирӣ кардам. Албатта, Оиша Қодирова дар беҳбуди фаъолияти Вазорати фарҳанг саҳми калон гузошта ва таҷрибаи кории хуб андӯхтааст”, - навиштааст раҳбари Чеченистон.

Хучиев пешниҳод кард, ки Мӯсо Дадаев, муовини нахуствазири ҷумҳурӣ оид ба фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш ба вазифаи вазири фарҳанги Чеченистон таъйин карда шавад, ки ин вазифаро ҳоло Оиша Қодирова бар ӯҳда дорад.

Ба гуфтаи Қодиров, Дадаев “худро ҳамчун як мутахассиси хуб муаррифӣ кардааст, ки метавонад корро хуб идома диҳад”.

Бояд гуфт, ки Оиша Қодирова аз моҳи октябри соли 2021 вазири фарҳанги Чеченистон буд. Пеш аз ин, вай як сол ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Чеченистон кор кард.

Духтари раисҷумҳур қабл аз оғози хидмати давлатӣ се сол хонаи мӯди исломии “Фирдавс”-ро раҳбарӣ мекард.

Дар ин муддат Оиша Қодирова бо медали “Барои хизматҳо дар назди Ҷумҳурии Чеченистон”, медали “Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон”, нишони фахрии “Барои меҳнати шоён”, унвони Корманди шоистаи маданияти Чеченистон, инчунин ордени Кодиров - мукофоти олии Ҷумҳурии Чеченистон қадрдонӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози моҳи сентябри соли равон раисҷумҳури Русия Владимир Путин Оиша Қодироваро “барои рушди фарҳанг ва санъати ватанӣ, фаъолияти чандинсолаи пурсамари эҷодӣ” бо ордени “Барои хизмати Ватан” дараҷаи II сарфароз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.