Намояндагии доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милали муттаҳид даст доштани кишвараш дар ҳамалоти “Ҳамос” ба Исроилро рад кард. Дар ин бора хабаргузории BBC хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи Эрон дар баёнияе бо таъкид бар ҳимояти кишвараш аз Фаластин эълом кард, ки “мо дар вокуниши Фаластин ширкат накардаем ва ин кор танҳо ба василаи Фаластин сурат гирифтааст”.
Қаблан The Wall Street Journal бо такя ба манобеъи наздик ба “Ҳамос” ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон хабар дода буд, ки Эрон дар тарҳрезии ин ҳамлаҳо даст доштааст.
Аммо дар ҳамин ҳол, ҳукумати Амрико гуфтааст, бо вуҷуди равобити амиқ миёни Эрон ва “Ҳамос”, далели даст доштани Эрон дар ин ҳамлаҳоро надорад.
Мақомоти Эрон ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроилро “вокуниши пурқувват ба амалҳои ҷиноӣ” ва “саҳифаи нав дар майдони муқовимат ва амалиёти мусаллаҳона алайҳи ишғолгарон дар сарзаминҳои ишғолшуда” номид.
Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, гуфтааст, “ҳар иқдоми аблаҳона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вокуниши харобиовар рӯбарӯ хоҳад шуд ва агар тавонанд худашонро аз Фаластин дар ҳамон саҳнаи муқовимати Фаластин дифоъ кунанд”, - хабар медиҳад euronews.
Гуфта мешавад ӯ дар мулоқоти ҳафтаинаи худ бо хабарнигорон афзудааст, ки “вазири умури хориҷиаи Эрон дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо ҳамтоёни худ ба таҳаввулоти Фаластин таваҷҷуҳи ҷиддӣ дод ва дар сӯҳбат бо ҳамтои ироқӣ пешниҳоди баргузории нишасти ғайринавбатии Созмони ҳамкории исломӣ дар хусуси Фаластинро матраҳ кард”.
Тибқи маълумоти ахир, бар асари ҳамлаи “Ҳамос” дар Исроил беш аз 700 нафар кушта ва 2,3 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Мақомоти Фаластин дар бораи кушта шудани беш аз 400 нафар ва маҷрӯҳ шудани 2,2 ҳазор нафар хабар доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста