Субҳи рӯзи 11 октябр дар Ҳироти Афғонистон боз ду заминларзаи сахт рух дод. Таконҳои замин дар 100-километрии маркази ин шаҳр ба қайд гирифта шуданд.
Иқтидори заминларзаи аввалро Маркази аврупоии зилзилашиносии Баҳри Миёназаминон 6,3 балл ва қувваи такони дуюмро баъди 12 дақиқа - 5,2 балл арзёбӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Маркази зилзилашиносии Амрико шиддати ин заминларзаро 6,3 дараҷа эълом кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, маркази заминларза дар 28 километр дуртар аз шаҳри Ҳирот буда, дар умқи 10 километр рух додааст.
Дар бораи талафоти эҳтимолӣ ва хисорот бар асарир ин заминларза то ҳол иттилоъе нест.
Ёдрас мекунем, ки заминларзаҳои пешин бо ҳамин иқтидор дар 40-километрии шимолу ғарби Ҳирот рӯзи 7 октябр рух дода, пас аз он боз якчанд такони қуввааш аз 4,3 то 6,3 балл ба қайд гирифта шуд.
Қобили зикр аст, ки бар асари заминларзаи рӯзи 7 октябр зиёда аз 9 ҳазор нафар захм бардошта, беш аз 2 ҳазор нафари дигар ҷон бохтаанд ва 1 ҳазору 300 хона вайрон шуда ё зарар дидааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот, ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба мардуми Афғонистон баён кард.
“Мардуми Тоҷикистон аз заминларзаҳои шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андӯҳгин буда, дар қалбҳои худ ҳамдардии амиқ эҳсос мекунад. Дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст”, - навишта буд сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз карда, ба осебдидагони заминларзаҳо шифои комил хост.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.