Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия зимни як суханронии худ дар ҳамоиши ҳизбаш Исроилро “давлати террористӣ” унвон карда, гуфт, ки он қонунҳои байнулмилалиро дар навори Ғазза нақз ва ҷиноятҳои ҷангӣ содир мекунад.
Тавре расонаи ВВС менависад, Эрдуғон гуфтааст, “Исроил дар ҳоли иҷрои стратегияи нобудии комили як шаҳр ва мардуми он аст. Ман хеле рӯшан ва ошкор мегӯям, ки Исроил як давлати террористӣ аст".
Ҳамчунин, ӯ илова кардааст, ки “мо иқдомотеро анҷом хоҳем дод, то итминон ҳосил кунем, ки раҳбарони сиёсӣ ва низомии Исроил, ки мардуми мазлуми Ғаззаро ваҳшиёна ба қатл расонданд, дар Додгоҳи байналмилалӣ муҳокима хоҳанд шуд”.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар пайи ин суханронӣ Эрдуғонро муттаҳам кард, ки “аз гуруҳи террористии Ҳамос ҳимоят мекунад”.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, нахуствазири Исроил дар шабакаи Х навиштааст, “иттифоқан, нерӯҳое ҳастанд, ки аз террористҳо ҳимоят мекунанд. Якеашон Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аст, ки Исроилро давлати террористӣ номида, аммо аз гуруҳи террористии Ҳамос ҳимоят мекунад ва рустоҳои Туркияро дар дохили худи ин кишвар бамборон мекунад. Бинобар ин, ҳарфҳои онҳо барои мо арзише надорад".
Пештар аз ин, Эрдуғон чун нишони эътироз сафари барномарезишудаи худ ба Исроилро лағв карда буд.
Бояд гуфт, ки ҷанги Исроилу Фаластин 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос ба Исроил оғоз ёфт. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта шуда, беш аз 200 нафар асир афтоданд. Дар ҷавоб ба ин, Исроил навори Ғаззаро муҳосира ва ба мушакборон оғоз кард.
Вазорати беҳдошти Ғазза рӯзи 13-уми ноябр хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил то ин лаҳза 11 ҳазору 240 нафар кушта шудаанд, ки 4 ҳазору 630 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Исроил ба даъватҳои пайвастаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид ҷиҳати ҳалли дипломатии қазия гӯш надода, ба ҷанги худ идома медиҳад.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста