Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар нишасте, ки дирӯз, 23-юми ноябр, бо ҳузури мухолифони Толибон* дар Маскав баргузор шуд, гуфт, Афғонистон имрӯз бо низоми асримиёнагӣ идора мешавад ва ба “Толибистон” табдил шудааст. Дар ин бора хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз дар шаҳри Маскав нишасти “Афғонистон миёни гузашта ва оянда” баргузор шуд, ки ҳизби “Русияи боадолат”, роҳбараш Сергей Миронов, мизбони он буд.
Дар ин нишаст Аҳмад Масъуд гуфтааст, “Афғонистон дар ду соли охир ба як сиёҳчол ва бунбасти торикӣ афтодааст”.
“Афғонистон барои мардуми худ сарзамини тира ва норавшан ва ба биҳишти ифротгароӣ, терроризм ва ҳаракатҳои ҷиноӣ табдил ёфтааст”, - гуфт Аҳмад Масъуд.
Ӯ таъкид кард, ки “Афғонистон бинобар тасаллути Толибон ҳоло қонуни асосӣ надорад, машруъият надорад, парчами миллӣ надорад, нисфи аҳолӣ бинобар бардоштҳои ғалат аз номи дин ва фаҳмиши нодурусти шариат аз тамоми инсоният ҷудо шудааст ва иқтисоди кишвар ба сифр мерасад”.
Дар ин нишаст мухолифони сиёсии Толибон аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои дастёбӣ ба ҳалли бӯҳрони Афғонистонро кӯмак хостанд.

Онҳо таъкид карданд, ки Афғонистон як кишварест, ки аз қавмҳо, забонҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии гуногун иборат аст ва аз кишварҳои минтақа ва Созмони Милали Муттаҳид дархост карданд, ки барои таъсиси як сохтори нави сиёсӣ дар Афғонистон, ки дар он тамоми қавмҳо ва мазҳабҳо тавонанд зери як чатр зиндагӣ кунанд, мусоидат кунанд.
Бояд гуфт, ки дар ин нишаст инчунин Муҳаммади Муҳаққиқ, раиси ҳизби “Ваҳдати Афғонистон” ва узви Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон, Маҳмуд Сайқал, намояндаи собиқи Афғонистон дар СММ, Фавзия Куфӣ, фаъоли ҷомеаи мадании Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раиси ҷумҳури Афғонистон, Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири адлияи ҳукумати собиқи Афғонистон, Зоҳири Ағбар, сафири феълии Афғонистон дар Тоҷикистон ва дигар чеҳраҳои шинохта иштирок доштанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста