Тал Ҳейнрих, сухангӯи нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дирӯз ба BBC гуфтааст, ки Исроил номи гаравгонҳоеро гирифтааст, ки аз Ғазза раҳо хоҳанд шуд.
“Мо рӯйхатро гирифтем ва хонаводаҳои афроди дар ин рӯйхат буда ва хонаводаҳои дигари гаравгонҳоро, ки ҳоло дар навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд, огоҳ мекунем”, - гуфтааст Ҳейнрих.
Ба гуфтаи ӯ, Исроил “мехоҳад ин усулро тамдид кунад, зеро дирӯз татбиқ шуда буд” ва “барои ҳар 10 гаравгони изофии исроилӣ, ки Ҳамос озод мекунад, мо ба як рӯзи дигар таваққуфи башардӯстона дар ҷанг розӣ хоҳем шуд”.
Агар ин раванд идома ёбад, ин шашумин гурӯҳи гаравгонҳоест, ки шурӯъ аз замони қатъ шудани даргириҳо дар ҳафтаи гузашта аз навори Ғазза раҳо мешаванд.
Гуфта мешавад то имрӯз Ҳамос 81 гаравгонро озод кардааст.
Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гуфтааст, Исроил дар маҷмӯъ 180 зиндонии фаластиниро раҳо кардааст.
Пол Адамс, хабарнигори BBC дар Байтулмуқаддас гуфтааст, ки эҳтимоли тамдиди оташбас барои 48 соати дигар вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, ки рӯзи 28 ноябр Исроил ва Ҳамос тавофуқ карданд, ки оташбаси чаҳоррӯзаро барои ду рӯзи дигар тамдид кунанд
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамлаҳои Ҳамос рӯзи 7-умиоктябр ба Исроил 1200 нафар кушта ва ҳудуди 240 нафар гаравгон гирифта шуданд.
Масъулини беҳдошти Ғазза гуфтааст, ки аз 7-уми октябр дар ҷараёни амалиёти ҷавобии Исроил беш аз 14 500 нафар кушта шудаанд.
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста