Рӯзҳои 27 -28-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон маротибаи дуюм нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” баргузор шуд, ки дар он чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, намояндагони ҳукумати қаблӣ, коршиносон ва муҳаққиқон иштирок карданд ва дар атрофи масоили Афғонистон мубоҳиса намуданд.

Суҳайл Санҷар, бунёнгузори рӯзномаи “Ҳашти субҳ” - Афғонистон, ки баъди ғасби ҳукумат аз сӯйи Толибон дар хориҷ аз кишвар иқомат дорад, низ ба ин нишаст ташриф оварда, андешаашро перомуни масоили Афғонистон нигоштааст.

Соли гузашта вақте барои ширкат дар Даҳумин нишасти амниятии Ҳирот ба шаҳри Душанбеи Тоҷикистон омадам, эҳсос мекардам дар хонаам дар Кобул нишастаам. Ҳангоми қадам задани шаҳр фикр мекардам дар ҷодаҳои Балх, Бадахшон, Ҳирот, Тахор ё Бағлон қадам мезанам. Ин эҳсос замоне бештар қувват гирифт, ки доктор Рангин Додфар Сипинто, дӯсти азизи ман ва вазири хориҷаи пешини Афғонистон низ дар ҷараёни сафар ба ман гуфт, ки ҳузур дар шаҳр “эҳсоси дар хона будан” – ро дар вай ҳамеша барагехтааст. Ӯ низ гуфт, ки ин бор тафовут ин аст, ки бо вуҷуди “эҳсоси дар хона будан” атри ҳавои Афғонистон, ки аз он сӯйи Омӯ мевазад, бӯйи “Толибон” медиҳад. Шояд ба ин далел, ки барои вай ва бисёре аз мо, ки наметавонем ба ҳамон содагие, ки ба шаҳри Душанбе сафар мекунем, ба Кобул, Қандаҳор, Бомиён ва Балх ё ба сарзамини модарӣ/бобоии худамон биравем.

Суҳайл Санҷар

Росташ ман низ соли гузашта, ки аз Истонбул савори ҳавопаймои хутути ҳавоии Туркия шудам, дар ҷараёни парвоз ҳар бор чашмам дар сафҳаи телевизиони муқобилам, ки нақшаи парвозро нишон медод, ба нақшаи Афғонистон, ба вижа номи Кобул меуфтод, тасаввур мекардам, ки дорам ба Кобулҷон меравам. Ингор на ингор, ки зеҳни ман ҳатто ҳар парвозе ба самти сарзаминҳои муҷовир (ҳамсоя) - ро сафаре ба “Ватан” мепиндорад. Ин эҳсос аммо зудгузар буд ва медонистам, ки рафтан ба Кобул барои ман на ҳоло мумкин аст ва низ намедонам, то ба кай ҳамчунон як руъё боқӣ хоҳад монд. Ин бор низ ҳангоме, ки ба таърихи 20-уми ноябр аз Истонбул ба самти Тошканд парвоз доштам, то қабл аз ширкат дар Ёздаҳумин нишасти амниятии Ҳирот ба он ҷо биравам, ҳамон эҳсоси қаблӣ ду- се боре дар ҷараёни парвоз ба суроғам омад. Ман замоне ба ин бовар будам, ки агар рӯзе тавонам ба Кобул биравам, мумкин аст дигар натавонам “зинда” бимонам, аммо беш аз ду сол аст, ки наметавонам ба “Кобулҷон” сафар кунам ва “ҳанӯз” зиндаам.

Акс аз Asia-Plus

Ин бор низ баъд аз як тавқифи ду-се рӯза дар Тошканд барои ширкат дар Ёздаҳумин конфронси амниятии Ҳирот, ки ба ибтикори Институти мутолиоти стротегии Афғонистон баргузор мешавад, ба шаҳри Душанбе меравам. Дар канори дигар мавзуоти калидии марбут ба Афғонистон ва минтақа, баҳсе ба “Гуфтугуҳои миллӣ: ба сӯйи як Афғонистони демократӣ” эхтисос ёфтааст. Баҳс дар мавриди ояндаи як Афғонистони демократӣ, ба вижа дар шароите, ки Толибон бар аксарияти қаламрави Афғонистон мусаллат ҳастанд ва бадтарин шароити зиндагии инсониро барои мардуми кишвар, ба вижа занон рақам задаанд, орзуи нек, аммо дар кӯтоҳмуддат дастнаёфтанӣ аст.

Ба ин далел, ки мабоҳисе аз ин даст, ҳадди аққал аз ду солу анде ба ин сӯ ва пас аз фурӯпошии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва истиқрори муҷаддади низоми ҷаҳолат ва бадавияти толибонӣ, дар миёни тайфҳои (хаёлҳои) мутафовите аз мардуми Афғонистон, ба вижа ҷавонон, таҳсилкардагон ва занон пайваста баргузор мешавад. Шуморе аз коршиносони хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ дар ҳама ин мабоҳис орзуи хешро, ки эҷоди як низоми демократӣ ва мубтанӣ бар қунуни асосӣ ва интихобот дар Афғонистон аст, баён мекунанд. Бо вуҷуди ин, чӣ гунагии дастёбӣ ба ин орзу барои аксарияти ин афрод, аз ҷумла ман, ҳанӯз на мушаххас аст ва на барои он тақсими авқоти замонии мушаххас дорам. Бахше аз ин ноумедӣ далоиле дорад, ки ба бархе аз онҳо дар ин ҷо ишора мекунам:

Парокандагии неруҳои сиёсии демократии Афғонистон ва фиқдони эътимод ва иттиҳод миёни ин неруҳо яке аз авомили умда аст. Афрод ва гуруҳое, ки ба дунболи эҷоди як назми демократӣ дар Афғонистон ҳастанд, ҳанӯз ташкилоти муназзам, ҳимояти дохилӣ ва байналмилалӣ ва эътимод ба нафси кофӣ барои ин корро надоранд. Шуморе аз ин афрод ва неруҳо дар хутути қавмӣ ва забонӣ тақсиманд ва шуморе дигар ҳанӯз на барномаи тадвиншуда барои ин кор доранд ва на аз эътимод ба нафси кофӣ  бархӯрдоранд, то ҳатто тарҳҳои хешро ҳамагонӣ кунанд. Онон ба гуруҳҳои кӯчаки чанднафарӣ тақсиманд ва бо гуруҳҳо ва афроди мушобеҳи худашон натавонистаанд иртибот ва эътимод эҷод кунанд.

Фиқдони эътимоди тудаҳо дар ҷомеаи Афғонистон ба неруҳои пешини сиёсӣ, ба вижа гуруҳҳои ҷиҳодӣ, ки қабл аз фурӯпошии ҷумҳурӣ дар фасод, тақвияти мунозиот (низоъ) –и қавмӣ ва ҷиноят нақш доштанд, аз дигар авомили ин бунбаст аст. Мардуми Афғонистон дар солҳои ҳузури неруҳои ғарбӣ ба вазоҳат шоҳид буданд, ки неруҳои пешини ҷиҳодӣ фасоди молӣ ва сиёсиро ба як амри одӣ дар сиёсати Афғонистон мубаддал карда ва барои манофеъи гуруҳии хеш мунозиот (низоъ) –и қавмиро густариш бахшидаанд. Онон дар баробари қонун посухгӯ набуданд ва равандҳои демократиро бо тақаллуб ва ҷаълкорӣ (сохтакорӣ) бадном кардаанд.

Акс аз Asia-Plus

Беэътимодии ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамсоягони Афғонистон ба ин неруҳо ва ҳимоят аз суботи шиканандае, ки Толибон ба вуҷуд овардаанд, ҷомеаи байналмилалӣ ва дар раъс Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин бовар аст, ки неруҳои сиёсии Афғонистон бо вуҷуди ҳимояти бедареғи бистсола қодир нашуданд, то як давлати босубот ва мустаҳкам эҷод кунанд. Аз сӯйи дигар онон ба ин боваранд, ки бо бозгашти Толибон амнияти нисбӣ дар саросари Афғонистон ба миён омадааст. Аз ҷонибе ҳам ин кишварҳо ба далели машғулият дар масоили дигари байналмилалӣ Афғонистонро дигар як авлавият намепиндоранд ва ҳатто дар мавориде ҳозир шудаанд бо Толибон таомул (ҳамкорӣ) кунанд. Аз сӯйе ҳам Ғарб, ба вижа Амрико намехоҳад шароит дар Афғонистон тавре рақам бихӯрад, ки мунҷар (боис) ба қудратгирии муҷадади неруҳои пешини ҷиҳодӣ шавад.

Контроли шадиди Толибон бар куллияти ҷуғрофиёи Афғонистон яке дигар аз авомил аст. Ин гуруҳ дар пайи фурӯпошии давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қодир шуд, то ба суръат контроли худро ба саросари қаламрави Афғонистон густариш диҳад. Дар паҳлуи он Толибон тавонистанд ба пешрафтатарин силоҳҳо ва абзори ҷангӣ, ки аз неруҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистон боқӣ мондааст, даст пайдо кунанд. Бархе аз иқдомоти мусаллаҳона аз сӯйи шуморе аз ҷабаҳоти мухолифи Толибон дар ин муддат ба шиддат саркуб шуда ва гуруҳҳои мухолифи Толибон натавонистаанд минтақаеро озод кунанд, то баъд аз инсиҷоми неруҳои низомӣ ва сиёсӣ битавонанд ба як чолиши ҷиддӣ дар баробари Толибон бадал шаванд.

Саркуби шадиди ҳар гуна иқдоме, ки Толибон онро хилофи манофеъ ва иқтидори режими худ медонанд. Толибон як гуруҳи иқтидоргаро ва мухолифи ҳар гуна фаъолияти сиёсӣ ва маданианд. Онҳо бо лағви қавонине, ки эҷод ва фаъолияти ин  гуруҳҳоро тазмин мекард, иҷозаи ҳич гуна фаъолияти сиёсӣ ва маданиро намедиҳанд ва ҳар гуруҳе, ки хилофи ин сиёсат иҷдом кунад, ба шиддат саркуб, зиндонӣ ва шиканҷаву ҳатто эъдом мешаванд.

Авомили зиёди дигаре низ метавон феҳрист кард, аммо ба бовари ман парокандагии неруҳои демократии Афғонистон муҳимтарин омили тадовуми режими Толибон аст. Неруҳои ҷиҳодӣ ва дастандаркорони Ҷумҳурии Исломӣ ба раҳбарии Ашраф Ғанӣ ба далели даст доштан дар фасод, ҷиноят ва мунозиот (ниъзоъҳо)- и қавмӣ дигар аз эътимоди дохилӣ ва байналмилалӣ бархӯрдор нестанд ва то ҳанӯз  натавонистаанд ҳатто ба ифлоси ахлоқӣ ва иқдомоти дадманишонаи гузаштаи хеш эътироф карда ва аз мардуми Афғонистон маъзаратхоҳӣ кунанд.

Акси марбута
Акс аз сомонаи cdn.iz.ru

Мутаассифона, дар миёни неруҳои демократӣ низ эътимоди лозим вуҷуд надорад. Онон ба дастаҳои кӯчак тақсим шудаанд ва бо вуҷуди гузашти ду солу анде аз истиқрори муҷаддади режими Толибон бар сари як нақшаи роҳи возеҳ барои ояндаи Афғонистон, чӣ бидуни Толибон ва чӣ бо он идда Толибоне, ки ҳозир ба таомул (ҳамкорӣ) бо ин неруҳоянд, натавонистаанд ба тавофуқ бирасанд. Ман ҳарчанд баргузории нишастҳои байналмилалӣ дар робита ба Афғонистон, ба вижа тадовуми Конфронси амниятии Ҳиротро зарурӣ ва ҳаётӣ медонам, аммо ба ин боварам, ки ҳанӯз барои дастёбӣ ба тавофуқи умумӣ миёни неруҳои мухолифи Толибон роҳи дарозе дар пеш аст. Бинобар ин, ин бор низ “ҲАВОИ ДУШАНБЕҶОН, АТРИ КОБУЛҶОН ДОРАД” ва онро дорам бо тамоми вуҷудам ҳис мекунам. Ба ин боварам, ки бо вуҷуди наздикии ҷуғрофиёӣ ба Афғонистон ва мабоҳисе барои шакл додани як нақшаи роҳ барои оянда ва эҷоди эътимод миёни неруҳои мухолифи Толибон, барои ман ва садҳо ҳазор табъидии дигар, ки ба далели ҳокимияти Толибон қодир ба сафар ба сарзамини модарӣ/бобоии хеш нестанд, мумкин нест ба ин зудиҳо битавонем бидуни тарсу ҳарос дубора ба Кобулҷон баргардем.

Албатта, бо вуҷуди камбудиҳои ҷиддӣ ва сохторӣ дар байни ҷабҳаи зидди Толибон чашмандозе дар бораи “одӣ шудан” –и робитаи ҷаҳон бо Толибон низ вуҷуд надорад. Толибон на зарфият ва на алоқамандии одӣ шуданро доранд ва мардуми Афғонистон ва системаи байналмилалӣ низ зарфияти тағйири маданӣ/сиёсии Толибон ва зарфияти таҳмили ин гуруҳро надоранд. Ба ҳамин далел, ба назар мерасад, ки шикастани ин бунбаст аз навъи “кӣ” ва “чӣ гуна” аст, на аз навъи “оё”.

Дар Ёздаҳумин нишасти амниятии Ҳирот қарор аст “Оркестри Зуҳра” низ ҳузур ёбад ва ҳунарнамоӣ кунад. Ин оркестр, ки аксари аъзои онро духтарон ва писарони ҷавон ташкил медиҳанд, пас аз фурӯпошии ҷумҳурӣ ва бозгашти Толибон ба кӯмаки доктор Носир Сармаст, раиси Институти мусиқии Афғонистон дар хориҷ аз кишвар дубора зинда шуд. Акнун ин оркестр машъали умед барои Афғонистони фардост, ки дар он ишқ ва озодӣ ва танаввуъи дубора зинда мешавад. Чунон Қақнус, он парандаи афсонавӣ, ки вақте маргаш наздик мешавад, болҳояшро ба ҳам мекӯбад ва худро ба хокистар мубадал мекунад, аммо аз даруни ин хокистар қақнуси ҷавоне ҷон мегирад ва зинда мешавад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.