Бахши маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар арзёбии солонаи худ соли 2023-ро маргбортарин сол барои хабарнигорон дар кишварҳои ҷангзада эълон кард. Давоми соли ҷорӣ дар давлатҳои ҷангзада 38 хабарнигор кушта шудаанд.

Дар гузориши ЮНЕСКО, ки 19-уми декабр нашр шуд, гуфта мешавад, ки теъдоди хабарнигорони кушташуда дар манотиқи ҷангзада дар муқоиса бо се соли ахир ду баробар афзоиш ёфтааст.

Бар асоси маълумотҳои ин ниҳод, танҳо дар семоҳаи ахири соли ҷорӣ 27 хабарнигор дар манотиқи ҷангзада кушта шудаанд.

Одри Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО гуфтааст, ки “ман ба ҳамаи ин мутахассисони расонаҳои хабарӣ арҷ мегузорам ва ҳама ҷонибҳои манфиатдорро бори дигар даъват менамоям, ки воситаҳои заруриро барои кафолати ҳифзи рӯзноманигорон ҳамчун шаҳрвандони ғайринизомӣ, ки дар қонунҳои байнулмилалӣ пешбинӣ шудааст, сафарбар кунанд”.

Бар асоси ин арзёбӣ, теъдоди зиёде аз ин хабарнигорон ва кормандони расонаҳо дар се моҳи ахир дар пайи ҷанги Исроил ва Ҳамос дар Ғазза кушта шудаанд.

Одри Азуле

Аз 7-уми октябр то ҳол дар Фаластин 19 мавриди куштори хабарнигорон ва кормандони расонаҳои хабарӣ, се ҳодиса дар Лубнон ва ду ҳодиса дар Исроил сабт шудааст.

Дар Афғонистон, Камерун, Сурия ва Украина дастикам ду хабарнигор ва кормандони расонаҳо шудаанд.

Теъдоди хабарнигорони кушташуда дар соли гузашта 28 нафар ва дар соли 2021 20 нафар будааст.

Аммо давоми ин сол таҳдидҳои дигаре алайҳи хабарнигорон, аз ҷумла ҳамлаҳои ҷисмонӣ, ҳабс ва ё мусодираи таҷҳизот вуҷуд доштанд.

Бар асоси ин арзёбӣ, теъдоде аз рӯзноманигорон ба далели таҳдидҳои амниятӣ маҷбур шудаанд, ки касби худро тарк кунанд ва дар бархе маворид дар кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон тақрибан 40 рӯз пеш аз кушта шудани 40 хабарнигор дар Ғазза хабар дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.