Расонаҳои ғарбӣ бо такя ба манобеи худ аз ҳамлаи ҷавобии Исроил ба Эрон хабар медиҳанд, вале хабаргузориҳои эронӣ бо такя ба мақомоти ин кишвар ин хабарҳоро рад мекунанд.
Рӯзномаи “Вашингтон Пост” ба нақл аз як мақомдори исроилӣ хабар дод, ки субҳи имрӯз, 19-уми апрел, Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард. Гуфта мешавад, ки ин ҳамла бо ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Теҳрон анҷом дода шудааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамла чӣ хисорот ба бор овардааст, аммо ба гуфтаи як мақоми исроилӣ, ки рӯзномаи “Вашингтон Пост” зикр кардааст, “ҳадаф аз ин ҳамла нишон додани тавоноии Исроил барои ҳамла дар дохили Эрон буд”.
Хабаргузории CNN ҳам бо такя ба манбаи худ субҳи имрӯз, 19-уми апрел, аз ҳамлаи Исроил ба Эрон хабар дод.
Ду мақоми ниҳодҳои дифоии Исроил дар сӯҳбат бо рӯзномаи “New York Times” ҳамлаи ҳавоӣ ба Эронро таъйид карданд ва гуфтаанд, ки ба як пойгоҳи ҳавоии низомӣ дар наздикии Исфаҳон ҳамла кардаанд.
ВВС бо такя ба мақомоти Эрон менависад, ки бахши дифоъи Эрон чанд ҳавопаймои бесарнишинро сарнагун кардаанд ва ҳеҷ мушаке ба хоки Эрон зарар нарасонидааст.
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Агентии кайҳонии Эрон Ҳусейн Далериён дар шабакаҳои иҷтимоӣ “X” (собиқ Твиттер) навишт: “Чанд ҳавопаймои бесарнишин аз ҷониби дифои ҳавоии кишвар бомуваффақият сарнагун карда шуд, аммо дар бораи ҳамлаи мушакӣ то ҳол маълумот нест”.
Хабаргузориҳои Euronews ва Ройтерс аз қавли як мақомдори эронӣ навиштанд, ки ҳеҷ ҳамлаи мушакӣ ба Эрон сурат нагирифтааст ва инфиҷорҳо дар Исфаҳон натиҷаи фаъол шудани системаҳои дифоъи ҳавоии ин кишвар будааст.
Хабаргузории Tasnim ҳам бо такя ба манобеъ хабар медиҳад, дар иншооти зербиноии ҳастаӣ дар Исфаҳон ҳеҷ ҳодисае сабт нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки таниш миёни Эрон ва Исроил даҳсолаҳост идома дорад. Пас аз ҳамлаи мушакии Исроил ба бинои консулгарии Эрон дар Сурия, ки боиси марги чанд генерали эронӣ гардид, Эрон ба Исроил садҳо мушак партоб кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста