Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Исроил таҳдид кард, ки дар сурати содир шудани ҳар гуна таҷовуз алайҳи хоки Эрон, ин кишварро ба хок яксон мекунад. Дар ин бора хабаргузории ИРНА иттилоъ медиҳад.

Иброҳим Раисӣ дар дидор бо бузургони Панҷоб дар Покистон гуфт, “агар Исроил бори дигар дар ҳамла ба хоки муқаддаси Эрон хато кунад, вазъ дигар мешавад ва маълум нест, ки аз ин режим чизе боқӣ хоҳад монд ё на”.

Ӯ афзуд, ки Эрон дар авоили моҳи апрел Исроилро бо зарбаи мушакӣ “барои ҳамлаи бемаънӣ” ба бинои консулгарии Эрон дар Сурия “муҷозот” кард.

Бояд гуфт, ки шаби 14-уми апрел Эрон ҳудуди 300 мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба сӯи Исроил партоб кард. Ин ҳамла посух ба ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ буд, ки дар он панҷ сарбози эронӣ кушта шуданд.

Ғайр аз ин Эрон гуфт, ки дар ҳамлаи дигар бо “қувваи бештар” зарба мезанад.

Рӯзи 19 апрел расонаҳо аз ҳамлаи Исроил ба Эрон хабар доданд, аммо мақомоти Эрон танҳо дар бораи амалиёти системаҳои дифои ҳавоӣ дар Исфаҳон хабар доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.