Бисёр давлатҳои ҷаҳони муосир, дар самти расонидани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ аз усулҳои нави ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ тариқи  “принсипи равзанаи ягона” истифода намуда, муносибатҳои сифатан нав миёни хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандонро ба роҳ мондаанд. Ин тартиби корбарӣ дар Озарбойҷон бо номи “АСАН хидмат” маъмул буда, як қисми ҷудонашавандаи консепсияи рушди кишвар мебошад.

“АСАН хидмат” дар асоси фармони президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев 13 июли соли 2012 бо мақсади коҳиши хароҷоти иловагӣ ва сарфаи вақти шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи касбият, шаффофият ва эътимоднокӣ нисбат ба мақомоти давлатӣ, инчунин истифодаи васеъи хизматрасониҳои электронӣ таъсис дода шудааст.

“АСАН-хидмат”, ки таҳти назорати Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва инноватсияи иҷтимоӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор дорад, дар асоси консепсияи ҷалби шахсони алоҳида ба фаъолият ва ҳудудгузории вазифаи онҳо ҷиҳати пешгирии ҳама гуна такрориҳо амал менамояд.  

“АСАН хидмат” дар марказҳои худ барои ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ фазои корӣ фароҳам меорад, то ба шаҳрвандон хизмат расонанд. Агентии давлатӣ стандартҳо ва принсипҳои ягонаеро муқаррар намудааст, ки асосашонро шаффофият, самаранокӣ, масъулиятнокӣ, хушмуомилагӣ ва қулай будани хизматрасонӣ ташкил дода, тариқи ин стандартҳо ва принсипҳо сохторҳои хизматрасонии аҳолиро таҳти назорат гирифта, коргарони худро меомӯзонад ва дараҷаи қаноатмандии истеъмолкунандагонро месанҷад. Ба шарофати ин қарордоди инноватсионӣ ва риояи қатъии қонун ҳангоми пешниҳоди хизматрасонӣ ба сокинон дар саросари кишвар тавассути марказҳо ва автобусҳои сайёр “АСАН-хидмат” тавонист як низомеро ташаккул диҳад, ки тамоми намуди шароите, ки ба ришвахурӣ,  қоғазбозӣ ё сӯйистъмол аз мансаб мерасонад барҳам дода, дараҷаи баланди қаноатмандиро аз ҷониби истеъмолкунандагон ба даст оварад.


“АСАН хидмат” беш аз 230 намуди хизматрасонии 10 вазорат ва 25 гурӯҳи ширкатҳои хусусиро муттаҳид намуда, ба ин васила шарикии давлат ва бахши хусусиро дар расондани хизмати маишӣ баръало нишон медиҳад. Ҳамаи ин нукот ба коҳиши хароҷот ва қаноати вақт оварда, барои таъмини  шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ фароҳам намуда, гувоҳи он розигӣ ва қаноатмандии шаҳрвандон аз сатҳи баланди химатрасонӣ мебошад. Беназирии “АСАН хидмат” дар истиснои пурраи бархӯрди манфиатҳо дар раванди хизматрасонӣ аст.

Ҳоло дар Озарбойҷон 27 маркази “АСАН хидмат” фаъолият менамоянд, аз ҷумла 7 дар пойтахти кишвар – Боку  ва 20 дигар дар минтақаҳои кишвар ҷойгир шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар тӯли 11 соли фаъолияти марказҳо беш аз 70 миллион муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.


Барои конеъ гардондани талаботи шаҳрвандон нисбат ба хизматрасонии давлатӣ, як усули нави хизматрасонии  “АСАН хидмат” ба шакли сайёр ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тариқ, автобусҳои махсус муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии ҳозиразамон, ба минтақаҳое, ки дар онҳо маркази “АСАН хидмат”  ҳанӯз фаъолият надорад, дар маҳалҳои сукунат ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Ба воситаи автобусҳои сайёр зиёда аз 2,9 миллион муроҷиат қабул шуда, хизматрасониҳои дахлдор расонда шудаанд. Хизматрасониҳои марказҳои “АСАН хидмат” аз ҷониби аҳолӣ бо ризоият қабул мешаванд ва меъёри тасдиқи таҳсин 99,8 фоизро ташкил медиҳад.

“АСАН хидмат” аз замони таъсисаш ба як ниҳоди давлатие табдил ёфтааст, ки фаъолияти волонтёриро васеъ истифода мебарад.

Фаъолиятҳои ихтиёрие, ки ҷавонон дар марказҳои “АСАН хидмат” ба амал меоваранд, дар рушди маҳорати худи онҳо низ саҳмгузор аст. Зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонон дар фаъолиятҳои ихтиёрии марказҳои “АСАН хидмат” ҳамчун волонтёр ширкат намудаанд. Фаъолияти “АСАН хидмат”, ки намунаи ислоҳот дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ гардид, сазовори эътирофи васеъ шудааст.  


Ҳамин тариқ, “АСАН хидмат” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардида, дар соли 2015 ҳамчун яке аз беҳтарин таҷрибаҳои хизматрасонии давлатӣ сазовори ҷоизаи бонуфузи ин созмон дар соҳаи хизмати давлатӣ гардид. Дар соли 2019 “АСАН хидмат” барои муваффақият дар рушди хизматрасонии давлатӣ тариқи истифодаи идоракунии рақамӣ ҷоизаи махсуси СММ гирифт ва дар соли 2023 дар чаҳорчӯби барномаи “Global Government Excellence Award” ҳамчун “Хизматрасонии давлатии пешрафта дар ҷаҳон” эътироф ва соҳиби мукофоти махсус гардид.

Дар ҳоли ҳозир “АСАН хидмат” ҳамкориро бо зиёда аз 20 мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи табодули таҷриба ба роҳ мондааст. Феълан, Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва инноватсияи  иҷтимоӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Италия, Корея, Афғонистон, Индонезия, Черногория, Марокаш, Уганда, Туркия, Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расонидааст. Акнун дар байни Агентии давлатӣ ва мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон музокирот оид ба ҳамкорӣ дар ин самт идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.