Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар Маҷмаи Умумии СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд. Тавре ки газетаи Взгляд менависад, дар ин бора Afghanistan International бо истинод ба ваколатдори умури Афғонистон дар СММ Носир Аҳмад Фоиқ хабар додааст.
Фоиқ шарҳ додааст, ки намояндагии Афғонистон аллакай муддати зиёда аз се сол аст, ки ҳудуди 200 ҳазор доллар маблағи аъзоҳаққиро пардохт намекунад.
Қаблан ин маблағ аз ҳисоби ВКХ-и ҷумҳурӣ пардохт мешуд, лекин толибон* то вақти дар СММ муаррифӣ шудани намояндаашон, онро пардохт карданӣ нестанд. Дар ин бора «Sputnik Афганистан» хабар медиҳад.
Пештар зикр гардида буд, ки Русия ният дорад лоиҳаи қатънома дар Маҷмаи Умумми СММ-ро дастгирӣ кунад. Дар он ба Шӯрои амният тавсия мешавад, ки масъалаи қабули Фаластин ба сифати узви Созмон дубора мавриди баррасӣ қарор гирад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста