Соли 2023 дар 16 кишвари ҷаҳон 1153 ҳукми эъдом иҷро шудааст, ки ин шумора баландтарин дар нӯҳ соли охир аст. Дар ин бора дар гузориши солонаи Созмони Авфи байналмилал ё “Amnesty International” оид ба татбиқи ҳукмҳои қатл зикр шудааст.
Ба иттилои манбаъ, иҷрои ҳукми эъдом дар соли гузашта 31 дарсад зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст. Соли 2022 “Amnesty International” дар бораи иҷрои 883 ҳукми эъдом дар 20 кишвар хабар дода буд.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки баландтарин нишондиҳандаи ҳукми эъдом дар соли 2015 аз ҷониби ин созмон ба қайд гирифта шудааст. Соли 2015 дар бораи эъдоми 1634 нафар дар саросари ҷаҳон хабар дода шуда буд. Шумораи ҳукмҳои қатле, ки дар соли 2023 аз сӯи додгоҳҳо содир шудаанд, 20 фоиз зиёд шуда, ба 2428 расидааст.
Дар панҷгонаи кишварҳое, ки дар соли 2023 бештарин ҳукмҳои қатлро иҷро кардаанд Чин (маълумоти дақиқ номаълум), Эрон (на камтар аз 853 қатл), Арабистони Саудӣ (172), Сомалӣ (на камтар аз 38) ва ИМА (24) шомил шудаанд.
Дар ин давра, 508 қатл барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст: аз ҳама бештар дар Эрон - 481.
Ба ҳолати охири соли 2023, дар саросари ҷаҳон на камтар аз 27 687 нафар ба ҳукми қатл маҳкум шудаанд.
Дар ҳамин давра, 112 кишвар ҳукми қатлро пурра бекор карданд.



“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста