Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи оташбас дар Ғазза байни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос”-ро, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳия шуда буд, қабул кард. Қатънома бо ризоияти 14 кишвар ва бетарафии Русия ба тасвиб расид. Дар ин бора BBC хабар медиҳад

Амрико қаблан эълон кард, ки Исроил аллакай ин тарҳро, ки моҳи гузашта раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден пешниҳод карда буд, пазируфтааст.

Чанд соат пас аз тасвиби қатъномаи оташбас, “Ҳамос” дар баёнияе аз он истиқбол кард. Ин гурӯҳ дар изҳороти худ тасвиби бандҳое, аз қабили оташбаси доимӣ, хуруҷи комили Исроил аз навори Ғазза, табодули асирон, бозсозӣ, бозгашти оворагон ба макони будубоши онҳоро мусбат номид.


Бо вуҷуди истиқбол аз раъйдиҳии СММ, “Ҳамос” то ҳол ба пешниҳоди оташбас посухи расмӣ надодааст. Яъне нагуфтааст, ки онро қабул дорад ва риоя мекунад ё не.

Дар ҳамин ҳол “Ҳамос” мегӯяд, ки омода аст дар музокироти ғайримустақим дар "ҳамкорӣ бо миёнаравҳо" мувофиқи "талаботи мардум ва ҷиноҳҳои Фаластин" ширкат кунад.

Линда Томас Гринфилд, сафири Амрико дар СММ дар ин замина дар шабакаи Х навишт, "Исроил қаблан ин тавофуқро пазируфтааст. Агар "Ҳамос" тавофуқро бипазирад, даргирӣ метавонад ҳамин имрӯз қатъ шавад ва гаравгонҳо низ метавонанд ба хона баргарданд".

Дар ҳамин замина, Аммор Ҷомеъ, сафири Алҷазоир дар СММ дар ҷараёни нишасти Шӯрои амният гуфт, "мо аз ин қатънома ҳимоят мекунем, "зеро мо ба ин бовар ҳастем, ки ин қатънома метавонад гоме ба пеш, ба тарафи оташбаси фаврӣ ва пойдор бошад".

Сафири Алҷазоир дар СММ афзуд, "ин шӯълаи умеде барои фаластиниҳо аст. Вақти он фаро расидааст, ки кушторҳо поён ёбад".

Сухангӯи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ пас аз қабули ин қатънома гуфт, "Иттиҳоди Аврупо аз қабули қатъномаи 2735-и Шӯрои Амнияти СММ дар ҳимоят аз пешниҳоди оташбаси эълоншуда дар 31 май истиқбол мекунад".

Ҷозеф Боррел дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, "мо бори дигар ҳимояти комили худро аз нақшаи роҳи семарҳилаӣ, ки аз сӯи раиси ҷумҳури Амрико пешниҳод шуд, эълон мекунад ва аз ҳар ду тараф мехоҳем, ки онро пазируфта, амалӣ кунанд"

Чанд рӯз пеш Қатар, Миср ва ИМА ба унвони миёнарав барои ду ҷониби ҷанг дар Давҳа ҷамъ омада буданд, то музокироти оташбасро эҳё кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо, як дипломати исроилӣ гуфтааст, ки кишвараш ба аҳдофи худ, аз ҷумла, "озод кардани ҳама гаравгонҳо ва нобудии Ҳамос" пойбанд аст.

Ин дар ҳолест, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба идомаи "ҷанг то нобудии Ҳамос" таъкид кардааст.

Бояд гуфт, ки тибқи гузоришҳо аз оғози ҷанг то кунун ҳудуди 300 сарбози исроилӣ кушта шудаанд.

Дар ҳамин давра, ба гуфтаи мақомоти пизишкии Ҳамос дар Ғазза, беш аз 37 ҳазор фаластинӣ, ки аксарияташон кӯдакон ва занон буданд, дар ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.