Дар Ҷумҳурии Доғистони Русия рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми июн мотами миллӣ эълон шуд. Дар ин бора раисиҷумҳури ин кишвар Сергей Меликов фармони дахлдорро имзо кард.

Мотами миллӣ дар пайи кушта шудани 17 нафар, аз ҷумла 15 корманди полис эълон гардид.

Онҳо дар пайи ҳамлаи афроди ношинос ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва ду калисо (ибодатгоҳи масеҳиён) дар шаҳри Дарбент, инчунин як посгоҳи полис дар шаҳри Махачқалъа дар шоми 23-уми июн, кушта шуданд.

Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, айни ҳол дар ин кишвар амалиёти зиддитеррористӣ идома дорад.

Зимни ин амалиёт дар Доғистон чанд тан аз ҷангҷӯёне, ки дар Махачқалъа ва Дарбент ҳамла карданд, кушта шудаанд.

Маълумот дар бораи шумораи ҳамлагарон гуногун аст: Кумитаи зиддитеррористӣ аз кушта шудани панҷ террорист хабар медиҳад, раиси ҷумҳури Доғистон Сергей Меликов гуфт, шаш ҷинояткор кушта шуданд.

Дар робита ба ин ҳамла, Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи моддаи 205 Кодекси ҷиноятӣ (амали террористӣ) парванда боз кардааст.

РИА Новости

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 23-уми июн, соати 18:00 дар кӯчаи Ленини шаҳри Дарбент ба як каниса ва ду калисо ҳамла сурат гирифт.

Ҳамчунин, афроди мусаллаҳ ба як постгоҳи полис дар шаҳри Маҳачқалъа оташ кушоданд. Дар он ҷо постгоҳи пулиси роҳ дар кӯчаи Ермошкин ва ҳамчунин синагогаи ҳамсоя мавриди оташ қарор гирифт.

Дар бораи ҳуввияти ҳамлаварони кушташуда расман хабар дода нашудааст. Бино ба гузоришҳои расонаҳо, се нафар аз чаҳор ҷангҷӯи кушташуда писар ва ҷиянҳои раиси ноҳияи Сергокалински Доғистон будаанд.

Сардори ноҳияи Сергокалинский Магомед Умаров боздошт ва барои бозпурсӣ фиристода шуд, гуфт як манбаъ дар нерӯҳои амниятӣ ба РИА Новости.

"Магомед Омаров боздошт ва бозпурсӣ мешавад, писаронаш дар миёни ҷангҷӯёне буданд, ки ҳамлаҳои террористиро анҷом додаанд", - гуфтааст манбаи ин хабаргузорӣ.

Ҳамчунин, Шаби душанбе маълум шуд, ки Магомед Умаров аз ҳизби раиси ҷумҳури – “Русияи воҳид” ихроҷ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.