Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” эълон кард, ки Исмоил Ҳания, роҳбари сиёсии он дар пайи як ҳамлаи Исроил дар шаҳри Теҳрони Эрон кушта шудааст.
“Бародар, пешво, муҷоҳид Исмоил Ҳания, раҳбари ҷунбиш, пас аз ширкат дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури ҷадиди Эрон, дар як ҳамлаи саҳюнистон ба қароргоҳи худ дар Теҳрон кушта шуд”, - менависанд хабаргузориҳои ҷаҳон бо такя ба баёнияи “Ҳамос”.
Сипоҳи посдорони Эрон ҳам субҳи 31-уми июл иттилоъ дод, ки маҳалли истиқомати Исмоил Ҳания дар Теҳрон мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар пайи ин ҳодиса, ӯ ва як муҳофизаш кушта шуданд.
Аммо на гуруҳи “Ҳамос” ва на Сипоҳи посдорони Эрон муфассал шарҳ надодаанд, ки ин ҳамла чӣ гуна сурат гирифтааст ва Исмоил Ҳания дар чӣ шароит кушта шудааст.
Мақомот ва низомиёни Исроил дар бораи марги Исмоил Ҳания то ҳол чизе эълон накардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Эрон Исмоил Ҳания як рӯз пеш дар остонаи маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон, бо ӯ ва Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии исломии Эрон, дар Теҳрон мулоқот карда буд.
ИРНА бо истинод ба хабаргузории “Само”-и фаластинӣ изҳороти Мусо Абумарзуқ, узви дафтари сиёсии “Ҳамос”-ро бозтоб дода, ки дар он гуфта мешавад, “террори Исмоил Ҳания амале буздилона аст ва бепосух нахоҳад монд”.
Бояд гуфт, ин аввалин ҳодисаи кушторе нест, ки дар Эрон рух додаву мақомоти ин кишвар Исроилро ба он муттаҳам мекунанд. Дар гузашта Эрон Исроилро ба террори чандин донишманди атомии худ ҳам гунаҳкор карда буд.
Ба навиштаи CNN, артиши Исроил аз ибрози назар дар мавриди кушта шудани раиси Дафтари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос" дар Теҳрон худдорӣ кардааст. Ин шабака ба нақл аз сухангӯи артиши Исроил гуфтааст, ки ба гузоришҳои расонаҳои хориҷӣ вокуниш нишон намедиҳанд.
Пештар аз ин, моҳи апрели ҳамин сол чанд узви хонаводаи Исмоил Ҳания, аз ҷумла, се писар ва чаҳор наберааш ҳам дар ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шуданд.
Исмоил Ҳания соли 2017 раиси Дафтари сиёсии "Ҳамос" интихоб шуд. Ӯ асосан дар Туркия ва Қатар мезист ва сари ҳар вақт ба Эрон меомад. Аз ҷумла, ӯ дар маросими видоъ бо Сайидиброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳури шаҳиди Эрон низ иштирок карда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста