Вазорати корҳои хориҷии Русия бар зидди Шоҳзода Карим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва роҳбари “Бунёди Оқохон”, инчунин, чор намояндаи дигари ин созмон таҳрим ҷорӣ кардааст. Баёния дар бораи таҳрими шахсӣ рӯзи 19-уми август дар сомонаи расмии ВКХ Русия нашр шуд.
Тавре дар изҳорот зикр мешавад, чор намояндаи дигари “Бунёди Оқохон” Кристофер Эндрю, Мэтт Рид, Ализа Митҳа ва Николас Макграт низ дар ин рӯйхат қарор доранд.
Дар асоси таҳрим кормандони “Бунёди Оқохон”, аз ҷумла худи Оқохон аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуданд.
Бояд гуфт, ки “Бунёди Оқохон” дар Русия ба фаъолияти хайриявӣ машғул буд ва қаблан соли 2002 Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар вохӯрӣ бо Шоҳзода Карим Оқохон аз фаъолияти башардӯстонаи ӯ тавсиф карда буд.
То ҳол Карим Оқохон ва намояндагони созмони зери раҳбарии ӯ ба қарори ҳукумати Русия вокуниш накардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар умум бар зидди 32 корманди марказҳои таҳлилӣ ва оҷонсиҳои машваратии Британияи Кабир ба далели “паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ”, “беобрӯ кардани Русия” ва “доштани хатти душманона нисбати Русия” таҳрим ҷорӣ кардааст.
ВКХ Русия гуфтааст, ки Русяи чун иқдоми ҷавобӣ ба Лондон бар зидди созмонҳои таҳлилию сохторҳои давлатии Британия таҳрим ҷорӣ мекунад.
Дар миёни созмонҳои дигари таҳримшудаи бритониёӣ кормандони созмонҳое мисли “Сhatham House”, "Privacy International", "Peace Child International", "Media Diversity Institute", “Open Knowledge Foundation” ва ғайра ҳам ҳастанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста