Рӯзномаи “Вашингтон пост” навиштааст, ки ҳукумати Толибон* дар Афғонистон пӯшидани шими ҷинс ва ороиши мӯйи сари “ғайриисломӣ”-ро барои мардон манъ кардаанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ин мамнуъиятҳо дар қонунҳои наве, ки дар охири моҳи август қабул шуда, барои занон як қатор маҳдудиятҳои навро ба миён оварда буданд, дарҷ гардидааст. Ин қонунҳо ба манъи тақлид ба “ғайримусулмонон” дар намуди зоҳирӣ ва рафтор нигаронида шудаанд.
Дар қонуни нав барои мардон аз як мушт кӯтоҳтар кардани риш, ба таври замонавӣ кӯтоҳ кардани мӯйи сар, пӯшидани шими ҷинс ва нигоҳ кардани ба занон ба ҷуз ҳамсари худ ё хешовандонашон (маҳрамҳои хонавода) мамнӯъ шудаанд.
Манбаъ навиштааст, ки ин аз аввалин маҳдудиятҳои ҷиддӣ барои мардон дар Афғонистон аз сӯйи ҳукумати Толибон* аст ва мардумро бештар нигарон кардааст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки қонунҳои нав ба пулиси ахлоқӣ ҳақ медиҳанд, ки гумонбаронро боздошт ва то се рӯз ба ҳабс гиранд.
Бояд гуфт, Толибон* то ин вақт бештар барои занон ва расонаҳо дар Афғонистон маҳдудиятҳо ҷорӣ мекарданд. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш ҳукумати Толибон* пахши барномаҳои зинда, интиқоди қонунҳову пулиси Толибон* ва даъвати меҳмонони тасдиқнашуда аз ҷониби ин гурӯҳро барои расонаҳо манъ кард.
Ҳамчунин, Толибон дар қонуне, ки моҳи август тасвиб ва қабул карда буданд, барои занон бидуни ҳиҷоб берун рафтан ва ҳамчунин баланд сухан гуфтан дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ карда буд. Бар асоси ин қонун ба онҳо инчунин пӯшидани либоси борик, танг ва кӯтоҳ манъ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.





Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста