Сергей Шойгу, дабири кулли Шӯрои амнияти миллии Русия дар раъси як ҳайати калон ба Афғонистон омада, бо чанде аз мақомдорони баландпояи гурӯҳи Толибон* гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора расонаҳои Афғонистону Русия хабар дода, навиштаанд, ки Шойгу бо Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазир, Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии нахуствазир ва  Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид, вазири дифои гурӯҳи Толибон вохӯрӣ кардааст. Дар ин дидорҳо масоили сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва транзитӣ баррасӣ гардидаанд.

Ба гуфтаи Толибон, дабири кулли амнияти милли Русия бо дастури Владимир Путин ба Кобул омадааст ва дар ин сафар Замир Кобулов, намояндаи вижаи ин кишвар дар умури Афғонистон ва дигар мақомдорони рус ӯро ҳамроҳӣ кардаанд.

Сафари Шойгу ба Кобул дар ҳолест, ки чанде аз вакилони Думаи давлатии Русия қонуни берун кардани Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар ин кишварро пешниҳод кардаанд. Ин қонун аллакай дар махзани Думаи давлатии Русия ҷойгир карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Толибон иддаъо кардаанд, ки дар дидори Шойгу бо муовини иқтисодии нахуствазири ин гурӯҳ ҳам масъалаи берун кардани Толибон аз феҳристи созмонҳои мамнуъ дар Русия баррасӣ шудааст. Шойгу “ваъда додааст”, ки барои рушди равобити тиҷоративу сиёсӣ Русия Толибонро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун хоҳад кард. Русия то ҳол ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад, вале Маскав бо Кобул робитаи наздик дорад. Мақомдорони Русия аз ҷумла раисҷумҳур Владимир Путин ҳам таъкиди зарурати робита бо Толибонро карда буд.

Дар дидор бо Шойгу Мулло Абдулғанӣ Бародар бо ишора ба сиёсати хориҷии иқтисодмеҳвар гуфтааст, ки Афғонистон  ба маркази ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитӣ дар минтақа табдил шудааст. Ба ақидаи ин мақомдори гурӯҳи Толибон, ин чиз натанҳо ба нафъи Афғонистон, балки ба фоидаи минтақа будааст.

Хабаргузории “Интерфакс” навиштааст, Шойгу гуфтааст, “мехоҳам бигӯям, дар давоми он ки ҳукумати Афғонистон (манзур гурӯҳи Толибон, - идора) дар сари қудрат буд, бисёр чиз тағйир ёфт ва имрӯз мо бо муовинони нахуствазир ва дигар мақомдорон як қатор мулоқотҳо доир ва масъалаҳои иқтисодӣ, нақлиёт ва амниятро баррасӣ кардем”.

Гуфта мешавад, ки Мулло Абдулғанӣ аз Шойгу хостааст, ки ба кам кардани фишорҳои таҳримҳои Амико болои Толибон кумак кунад.

Шойгу таъкид кардааст, ки Амрико ба далели ҳузури низомии чандсола дар Афғонистон дар бозсозии ин кишвар бояд нақши асосӣ бозад.

Ба гуфтаи Толибон, Шойгу дар вохӯрӣ бо Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири ин гурӯҳ гуфтааст, ки Русия хостори баргашти Афғонистон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой аст ва мехоҳад ин кишвар ба унвони узви нозир курсии худро дубора ба даст оварад.

Муовини сиёсии нахуствазири Толибон изҳор доштааст, ки ин гурӯҳ хоҳони ҳузури Афғонистон дар форматҳои минтақаӣ ҳастанд ва омодаанд бо кишварҳои минтақа ҳамкорӣ кунанд.

Ин мақомдори Толибон иддао пеш овардааст, ки ДОИШ дар Афғонистон саркӯб шудааст ва Толибон иҷоза намедиҳад касе аз хоки ин кишвар алайҳи дигар кишварҳо истифода кунад.

Ба навиштаи расонаҳо, Русия нигарони таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон барои амнияти кишварҳои Осиёи Миёна аст. Кишварҳои минтақа низ борҳо аз вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ, ба хусус ДОИШ дар Афғонистон нигаронӣ карда, иддаъои аз байн рафтани ин гурӯҳ аз сӯи Толибонро шубҳабарангез унвон карда буданд. Созмони Милали Муттаҳид низ гузоришҳое аз ҳузури гурӯҳҳои террористии гуногун, аз ҷумла "Ал-Қоида" дар Афғонистон пешниҳод карда буд.

Дабири кулли амнияти миллии Русия дар ин мулоқот гуфтааст, ки Маскав ба дунбол густариши робитаҳои иқтисодӣ бо Толибон аст ва аз ҳамин сабаб қасд дорад дар бахшҳои роҳи оҳан, тавлиди барқ, транзит, саноат ва зироат ба Афғонистон сармоягузорӣ кунад.

Толибон мегӯянд, Шойгу аз тарҳи "Афғон-транс", ки Ӯзбекистонро аз тариқи Афғонистон ба Покистон мепайвандад, пуштибонӣ кардааст.

Дар се соли гузашта, ки Толибон қудратро дар Афғонистон дар даст доштанд, ин олитарин ҳайати Русия аст, ки ба Кобул сафар ва бо мақомдорони Толибон дидор кард. Ҳарчанд сар аз соли 2003 Русия Толибонро ҳамчун гурӯҳи террористӣ мешиносад, вале баъди баргашти ин гурӯҳ ба сари қудрат дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон робитаҳои худро бо ин гурӯҳ ба роҳ мондааст ва сафорати ин кишвар дар Кобул амал мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.