Шӯрои уламои Раёсати динии мусулмонони Русия тасмим гирифт, ки фатвои иҷозаи бисёрзаниро бо ақди никоҳи динӣ бозхонд кунад. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад.

Раиси Шӯро Шамил Аляутдинов дар шабакаи Telegram-и худ дар ин робита хабар додааст, ки қарор бо сабаби маълумоти Додситонии кулл дар бораи даъвати бекор кардани ин фавто ва “вокуниши ҷомеаи Русия” қабул шудааст.

«Шӯрои уламои Раёсати динии мусулмонони Русия ба баҳс пардохтан сари ин масъаларо зарур намедонад», - илова кардааст Аляутдинов.

Қаблан дар Раёсати динии мусулмонони Русия изҳор дошта буданд, ки фатвои мазкур ба қонунгузорӣ мухолифат надорад.

Раёсати динии мусулмонони Русия рӯзи 19 декабр дар бораи содир намудани фатвое хабар дод, ки дар он ба мусулмонони кишвар барои чор ақди никоҳи динӣ доштан иҷоза дода шуд. Зикр шуда буд, ки ин дар ҳолатҳое имконпазир аст, ки агар ҳамсар бо сабаби саломатӣ имконияти таваллуд кардан надошта бошад, қобилияти репродуктивиаш ба охир расида бошад, номувофиқатии ҷинсӣ вуҷуд дошта бошад ё зан хоҳиши таваллуди фарзандонро надошта бошад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешуд, ҳамаи занҳо бояд аз ақди никоҳ доштани ҳамсарони дигар огоҳ бошанд. Дар акси ҳол, зан метавонад бекор шудани ақди никоҳро талаб кунад.

Муфтӣ ва раиси Раёсат шайх Равил Гайнутдин дар ин маврид зикр карда буд, ки ҳадафи аслии содир шудани фатво ҳифзи заноне мебошад, ки дар никоҳҳои динии бисёрҳамсарӣ қарор доранд. Ӯ таъкид дошт, ки ин санад ба соҳаи қонунгузории дунявӣ дахолат намекунад, зеро танҳо ба муноситаҳои динӣ марбут аст.

Мувофиқи моддаи 14-и Кодекси оилаи Русия, дар сурати ҳадди ақалл дар як ақди никоҳи расмӣ қарор доштани ҳамсарон, сабти ақди никоҳ ғайриимкон аст. Дар шарҳи чопшудаи муовини раиси Шӯрои уламо, муфтии Маскав Илдар Аляутдинов гуфта мешавад, фатво ин меъёрро нақз намекунад, зеро ба масъалаҳои сабти расмӣ дахл надорад, балки танҳо ба муносибатҳои воқеӣ дар доираи ақди никоҳ вобаста аст.

Аммо рӯзи 23 декабр Додситонии кулл ба унвони раиси Раёсати динии мусулмонон пешниҳод фиристод. Ба иттилои “Интерфакс”, ин қарор ба он марбут аст, ки фатво ба қонунгузории амалкунанда ва сиёсати давлатӣ дар самти оила, ки ба ҳифзи арзишҳои анъанавии динӣ ва маънавии ҷомеаи Русия нигаронида шудааст, мухолифат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.