Бо поёни оташбаси муваққатӣ, ба муносибати иди Пасха дар ҷанги Русия дар Украина, тарафҳои даргир якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам кардаанд. Рӯзи шанбе Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия оташбаси 30-соатаеро эълон кард, ки Украина низ онро пазируфт. Ин оташбаси муваққат соати 00:00 (ба вақти Маскав) шаби якшанбе ба душанбе ба поён расид.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дирӯз, 20-уми апрел гуфт, ки дар давоми оташбас, дар маҷмӯъ, 1882 мавриди гулӯлборон аз ҷониби Русия вуҷуд дошт, ки 812 мавриди он бо аслиҳаҳои сангин буд.
Ба гуфтаи ӯ шадидтарин гулӯлаборон ва ҳамлаҳо дар шарқи Украина дар наздикии шаҳри муҳосирашудаи Покровск, аз марказҳои логистикии калидӣ дар минтақаи Донетск будааст.
Дар ҳамин ҳол, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия ҳам Украинаро ба истифодаи мушакҳои амрикоии "Ҳимарс" дар ҷараёни оташбас муттаҳам кардааст.
Хабаргузории "РИА Новости" аз риояи оташбас аз сӯи Русия хабар дода, навиштааст, ки дар ҷараёни он аз сӯи артиши Украина 4900 нақзи оташбас сабт шудааст.
Зимнан, Владимир Зеленский қатъи 30 рӯзи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии дарозмуддат ба зерсохторҳои ғайринизомиро пешниҳод карда, гуфтааст, ки Русия бо рад кардани ин пешниҳод мехоҳад ҷангро тӯлонӣ кунад.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС-и Русия, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, чанд соат пеш аз поёни оташбас, гуфт, ки Путин фармони тамдидионро надодааст.
Артиши Украина чанд соат пас аз поёни оташбаси 30-соата, аз ҳамлаҳои пайдарпайи Русия ба якчанд минтақаҳои Украина хабар дод.
Нерӯи ҳавоии Украина барои минтақаҳои Киев ва ҳамчунин Херсон, Днепропетровск, Черкаси, Миколаев ва Запоризжия ҳушдори ҳамла додааст.
Артиши Русия дар бораи ин ҳамлаҳо изҳори назар накардааст.
Мақомотҳои маҳаллӣ дар соатҳои аввали рӯзи душанбе аз сокинони чанд шаҳри Украина, аз ҷумла Киев, пойтахти ин кишвар хостанд, ки ба далели ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин фавран ба паноҳгоҳҳои атроф раванд.
Нерӯи ҳавоии Украина ҳамчунин аз «хатарҳои мушакӣ» дар минтақаҳои марказӣ хабар дод ва гуфтааст, ки нерӯи ҳавоии Русия дар «шарқ ва шимоли шарқ»-и ин кишвар фаъол аст.
Русия 24-уми феврали соли 2022 ҳамлаи тамомайёр ба Украинаро оғоз кард ки садҳо ҳазор нафар - асосан сарбозон - аз ҳарду тараф аз соли 2022 ба ин тараф кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.

Моҳи гузашта, Маскав дар ҷавоб ба оташбаси комил ва бидуни шарте, ки аз ҷониби ИМА ва Украина тавофуқ шуда буд, шартҳои худро пешниҳод кард.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, ки дар талош барои ба поён расонидани ин ҷанг аст, рӯзи якшанбе гуфт, ки "Русия ва Украина дар ин ҳафта ба созиш мерасанд".
Ӯ мушаххасан нагуфт, ки дар бораи чӣ гуна “созишнома” ҳарф мезанад ва ҷузъиёти дигарро ироа накардааст. Пештар Амрико гуфта буд, ки агар нишонаҳои рӯшани ҳосил шудани созишро дар чанд рӯзи охир набинад, миёнаравӣ барои расидан ба созиши сулҳ миёни Русия ва Украинаро қатъ мекунад.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста