Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо имзои як қарор дар ҷанги кишвараш алайҳи Украина оташбаси серӯза эълон кардааст.
Сомонаи расмии раиси ҷумҳури Русия ин қарорро нашр кардааст. Дар он зикр мешавад, ки “бо назардошти ҷанбаи инсондӯстӣ ва дар арафаи 80-солагии Рӯзи Ғалаба, аз соати 00:00 аз 7 ба 8-уми май то соати 00:00 аз 10 ба 11-уми май, ҷониби Русия оташбас эълон менамояд. Дар ин давра тамоми амалиёти ҷангӣ қатъ хоҳад шуд”.
“Русия чунин меҳисобад, ки ҷониби Украина низ аз ин иқдом пайравӣ кунад. Дар сурати нақзи оташбас аз ҷониби Украина, артиши Русия посухи мувофиқ хоҳад дод”, - таъкид мегардад дар хабар.
Мавқеи ҷониби Украина ба ин “қарори оташбаси Русия” ҳоло маълум нест. Мақомоти расмии ин кишвар қарори оташбасро шарҳ надодаанд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, дар изҳороти оташбаси нашркардаи сомонаи расмии раиси ҷумҳури Русия таъкид мешавад, ки “ҷониби Русия бори дигар омодагии худро барои музокироти сулҳ бидуни шартҳои пешакӣ, ки ба бартараф кардани сабабҳои аслии буҳрон дар Украина ва ҳамкории созанда бо шарикони байналмилалӣ равона шудааст, изҳор медорад”.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Русия эълон кард, ки аз соати 18:00 -и 19-ум то соати 00:00-и 21-уми апрел (ба вақти Маскав) ба муносибати иди "Пасха" тамоми намуди амалиёти ҷангӣ дар Украинаро қатъ мекунад. Он вақт Украина аз ин тасмим ҷонибдорӣ карда буд.
Аммо баъди гузашти ин муҳлат, ҳарду ҷониб ҳамдигарро барои нақзи оташбас гунаҳкор карданд.
Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста