Субҳи 21-уми июн Исроил ва Эрон ҳамла ба якдигарро идома доданд ва даргиӣ миёни ду кишвар, ки бо таҷовузи Исроил ба хоки Эрон сар шуд, ба 9-умин рӯзи худ расид.
Дар ҳамлаи субҳи имрӯзи Исоил ба вилояти Қуми Эрон ду нафар, аз ҷумла, як навраси 16-сола кушта шудаанд.
Дар ин бора Муртазо Ҳайдарӣ, сухангӯи Ситоди мудирияти буҳрони ин вилоят ба расонаҳо хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла ба як бинои истиқоматӣ сурат гирифта, дар пайи он 4 нафари дигар ҷароҳат бардошт.
Артиши Исроил иддао кардааст, ки дар ҳамла ба шаҳри Қум Саид Эзодӣ, яке аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони Эронро куштааст. Ин хабарро мақомоти Эрон рад ё тасдиқ накардаанд.
Хабаргузории “Меҳр” бо такя ба Сипоҳи посдорони Эрон итилоъ додааст, ки дар ҳамлаҳои ин субҳ аз сӯйи Исроил 5 сарбози нерӯҳои Сипоҳ дар Хуррамобод кушта шудаанд.
Расонаҳои Эрон субҳи имрӯз аз шунида шудани инфиҷор дар чанд минтақаи ин кишвар, аз ҷумла, Теҳрон ва Исфаҳон хабар дода, гуфтаанд, падофанди ҳавоии ин кишвар дар ин шаҳрҳо фаъол шудааст.
Баъдан Акбар Солеҳӣ, муовини амниятии раиси вилояти Исфаҳон гуфтааст, ки ҳамлаҳои Исроил ба шаҳристонҳои Линҷон, Муборака ва Шаҳризо сурат гирифт. Ин ҳамлаҳо, ба қавли ӯ, талафоти ҷонӣ дар пай надоштаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, таъсисоти ҳастаии Исфаҳон ҳам аз ҳадафҳои ҳамлаи Исроил будааст. Ин мақомдори эронӣ ҷузъиёти хисорот ба ин маконро ошкор накардааст. Танҳо гуфтааст, ки “ҳеҷ гуна ихроҷи маводи хатарнок дар минтақа рух надодааст ва ҷойи нигаронӣ вуҷуд надорад”.

Дар Исфаҳон бузургтарин маҷмааи пажӯҳишҳои ҳастаии Эрон қарор дорад ва дар рӯзҳои пеш ҳам Исроил ба он ҷо ҳуҷум карда буд.
Расонаҳои Эрон аз шунида шудани инфиҷор ва фаъол шудани падофанди ҳавоии ин кишвар пас аз он хабар доданд, ки артиши Исроил гуфт, мавҷи нави ҳамла “ба анбори мушак ва инфрасохторҳои партоби мушакҳо” дар Эронро оғоз кардааст.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта артиши Исроил ба Эрон ҳамла бурда буд. Расонаҳо навиштанд, ки дирӯз ҳуҷуми артиши Исроил ба нуқтаҳое дар Теҳрон, Табрез ва Аҳвоз будааст.
Ба навиштаи ББС, як бинои чандошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Гешои Теҳрон мавриди ҳадафи паҳподи Исрол қарор гирифтааст.
Артиши Исроил иддао кардааст, рӯзи 20-уми июн бо 25 ҷангандаи нерӯҳои ҳавоӣ ба “беш аз 35 ҳадаф” дар Табрез ва Кирмоншоҳ ҳамла кардааст.
Хабаргузории “Тасним”, расонаи наздик ба Сипоҳи посдорон навиштааст, ки дар ҳамлаи Исроил Маркази саломатии шаҳри Миёнроҳон дар вилояти Кирмоншоҳ мавриди ҳадаф қарор гирифта, аз истифода берун шудааст.
Раиси вилояти Озарбойҷон ҳамла ба Табрезро тасдиқ кардааст. Ӯ гуфтааст, Исроил “ду нуқтаро дар минтақаи Илхчӣ ва атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Шаҳид Мадании Табрез ҳадафи ҳамлаи худ қарор дод”.

Ҳамчунин, расонаҳо наворҳоеро нашр кардаанд, ки дар онҳо гуфта мешавад, минтақае дар шаҳри Аҳвози Эрон ҳам мавриди ҳадафи Исроил қарор гирифтааст. Мақомоти Эрон дар мавриди хисороти ҳамлаҳои рӯзи гузашта хабаре надодаанд.
Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз артиши Исроил аз партоби мушак ба ин кишвар аз сӯи Эрон хабар дод. Пас аз ин бонги хатар дар чанд минтақаи ин кишвар, аз ҷумлаи маркази он шаҳри Телавив садо додааст ва сокинон ба паноҳгоҳҳо рафтаанд.
Расонаҳо аксу наворҳоеро нашр крдаанд, ки ба гуфтаи онҳо, дар он бархӯрди мушаки Эрон дар Телавив дида мешавад. Расонаҳои Исроил гуфтаанд, Идораи оташнишонии ин кишвар дар ҳоли хомӯш кардани сӯхтори як бино дар Телавив аст. Вале ҷузъиёти дигаре нашр накардаанд.
Ба навиштаи рӯзномаи “Times of Israel”, мақомоти Исроил аз захмиву осебдидагон дар ин ҳамла хабар надодаанд. Хисороти молии он бошад, ошкор намешавад.
Сипоҳи посдорони Эрон дар баёнияе ин ҳамларо мавҷи 18-уми амалиёти “Ваъдаи содиқ 3” эълон карда, ҳадафи он маконҳои низомӣ ва марказҳои пуштибонии амлиётии артиши Исроил дар маркази Исроил ва фурудгоҳи Бен Гурион будааст. Сипоҳ дар баёнияи худ гуфтааст, ки дар ин ҳамла “анбуҳе аз паҳподҳои интиҳорӣ ва размии “Шоҳид-136” ва мушакҳои нуқтазани бо сӯзишвории сахт”-ро истифода бурда, ҳадафҳои таъиншударо “бо мувафақият нобуд кардааст”.

Баъди ҳамлаи Эрон мақомоти Исроил ба шаҳрвандони ин кишвар иҷозат додаанд, ки аз паноҳгоҳҳо берун шаванд.
Рӯзи гузашта ҳам баъди ҳамлаи Исроил ба Эрон расонаҳои исроилӣ навиштаанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил мушак партоб кардааст.
Артиши Исроил ин ҳуҷуми Эронро тасдиқ карда, аз сокинон хостааст, ба паноҳгоҳҳо раванд. Аммо баъди чанде, тавре ки рӯзномаи исроилии "Times of Israel" хабар додааст, ба шаҳрвандон иҷозаи берун шудан аз паноҳгоҳҳо дода шудааст.
Ин расона навиштааст, ки дар шаҳрҳои Телавив, Байтулмуқаддас ва Бершеба садои таркиш шунида мешавад. Манбаъ илова кардааст, ки дар бисёре аз минтақаҳои Исроил бонги хатар садо додааст.
"Times of Israel" бо такя ба Артиши Исроил навиштааст, ки Эрон дар ин ҳамла ҳудуди 25 мушак истифода кард. Ин расона, инчунин, аз қавли пизишкони исроилӣ аз захмӣ шудани 23 кас иттилоъ додааст, ки аҳволи ду тан аз онҳо вахим гуфта мешавад.
Расонаҳо ба нашри навор навиштаанд, ки мушакҳои Эрон ба чанд бино дар Ҳайфо бархӯрдаанд. Аммо бо сабаби назорати қатъии мақомоти Исроил ва маҳдудиятҳои гузоштаи онҳо, расонаҳо макони афтодани мушакҳои эрониро ошкор нанавиштанд.

Дар иттилоияе, ки Сипоҳи посдорони Эрон нашр кардааст, гуфта мешавад, ин мавҷи 17-уми амалиёти "Ваъдаи содиқ 3" буда, дар он ҳадафҳое "шомили марказҳои низомӣ, саноати дифоӣ, марказҳои фармондеҳӣ ва идоракунӣ, ширкатҳои дастгирии амалиёти Исроил, инчунин, пойгоҳҳои ҳавоии Навотим ва Ҳатзрим" мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомоти Исроил хисороти ҳамлаи дирӯз ва имрӯзи Эронро эълон накардаанд.
Талошҳои кӯчаку бесамари дипломатӣ
Дар ҳамин ҳол, талошҳои дипломатӣ барои хатми ин ҷанг низ аз паси абрҳои тира ва осмони ғуборолуди Ховари Миёна намудор мешавад, вале чунин ба назар мерасад, ки нақши кӯчаке дар ин самт намегузорад.
Аз ҷумла, шаби гузашта Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон, ки ба қавли расонаҳо аз кӯшиши як сӯйиқасд ба ҷонаш дар амон монд, барои мулоқот бо ҳамтоёни худ аз Фаронса, Олмон ва Бритониёи Кабир ба шаҳри Женеваи кишвари Суис рафт.

Вазирони корҳои хориҷии се кишвари аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар ин мулоқот бори дигар “пойбандиву пуштибонии худро аз амнияти Исроил” таъкид карданд ва ба ҳамтои эронии худ паёми ҳамтои амрикоиашонро расониданд. Дар ин паём “дасткашии Эрон аз барномаи ҳастаӣ” ишора шудааст. Дэвид Лэмми, вазири умури хориҷии Британияи Кабир, пас аз мулоқот гуфт, ки ба Теҳрони расмӣ паёми “воқеияти азми ҳамроҳшавии ИМА ба ҷанг алайҳи Эрон ва наздик шудани он” расонида шуд. Ҳамчунин, вазирони кишварҳои аврупоӣ аз Эрон хостанд бидунни талаби қатъи ҷанг вориди гуфтушунид бо Амрико шавад.
Ин сиёсати дугонаи кишварҳои ғарбӣ, ки дар мисоли ҷанги Русияву Украина аз Маскав талаб доранд, “музокира пас аз қатъи ҷанг бояд бошад”, аммо аз Эрон мехоҳанд зери бомбборони Исроил музокира намояд, мавриди интиқод ва тамасхур дар расонаҳо гардид.

Аббос Ароқчӣ пас аз гуфтугӯ бо ҳамтоёнаш ба ин нукта ишора кард:
- нигаронии ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сукут ва беамалии ин се кишвар дар маҳкум кардани таҷовузи режими саҳюнистӣ. Эрон дар истифодаи ҳуқуқи дифоъи машрӯъ алайҳи ин режим бо ҳадафи қатъи таҷовуз ва ҷилавгирӣ аз такрори он, ба таври ҷиддӣ ва қатъӣ идома хоҳад дод;
- барномаи ҳастаии Эрон комилан сулҳомез буда, таҳти назорати Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳамла ба ин иншоот ҷинояти бузург ва нақзи ошкори муқаррароти ҳатмӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ аст;
- баъди қатъи таҷовуз ва муҷозоти таҷовузгар бар асоси ҷиноятҳое, ки содир кардааст, Эрон омода аст дипломатияро ҳамчун роҳи ҳал баррасӣ кунад. Дар ин робита, ошкор зикр шуд, ки тавонмандиҳои дифоии Эрон мавзӯи музокира нахоҳанд буд;
- омодагӣ ба идомаи гуфтугӯ бо се кишвари аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва баргузории дидори навбатӣ дар ояндаи наздик.

Ёдрас мешавем, ки даргирӣ миёни Исроилу Эрон субҳи 13-уми июн, бо таҷовузи Исроил оғоз гардид. Исроил ҳамлаи худро “Бархостани шер” ва ҳадафи онро зарба задан ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт.
Дар посух Эрон дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард, ки ҳамлаи Эрон “Ваъдаи содиқ 3” ном дошта, ҳадафи аслии он посух ба таҷовузи Исроил аст.
Дар ин пайвандҳо хонед, ки дар рӯзи авввал, дуюм, сеюм, чоруму панҷум ва шашум, ҳафтум ва ҳаштуми даргирӣ миёни Исроил ва Эрон чӣ гузашт.
Ду орзуву як фазо. Қиссаи ду духтари тоҷик, ки дар ширкати ҳавопаймоии "Emirates" кор мекунанд
Ташкили лагери омӯзишии робототехника барои ҷавонон аз сӯйи Оҷонсии ТИКА
Марги чаҳор аъзои як оила дар пайи садамае дар Истаравшан
Вазорати тандурустӣ марги як сокини Хуросон аз бемории сӯхтаниро рад, аммо сабти гирифторӣ ба ин бемориро тасдиқ кард
Дар Роштқалъа як мошин ба дарёи Шоҳдара сарозер ва 4 нафар ғарқ шудааст
Додгоҳи низомие дар Маскав парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро дарёфт кардааст. Мурофиаи якум кай мегузарад?
Имтиҳонсупорӣ барои муҳоҷирон сахттар шуд. Акнун муҳоҷирон чӣ тавр бояд имтиҳон супоранд?
Пулиси пойтахт мегӯяд, дар ним сол 90 фолбину сеҳргарро ҷазо додааст
Дар ним сол зиёда аз 7500 қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин ошкор шудааст
Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳо баста мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста