Дар тозатарин оморе, ки рӯзи 30-юми июн мақомоти Эрон эълон карданд, теъдоди сокинони дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушташуда 935 тан гуфта мешавад.
Ба гуфтаи Асғар Ҷаҳонгир, сухангӯи Додгоҳи олӣ (Қувваи қазоия)-и Эрон, аз теъдоди умумии кушташудагон 38 тан кӯдак ва 102 нафар зан будаанд. Аз миёни занҳои кушташуда чанд нафар ҳам ҳомила будаанд.
Қаблан, дар рӯзи эълон иташбас, Вазорати беҳдошти Эрон теъдоди кушташудагонро 610 тан ва ҷароҳатбардоштагонро 4 ҳазору 746 нафар гуфта буд.
Дар ҳамин ҳол, Исроил ҳам талафот аз ҷанги оғозкардаашро чанде пеш эълом карда буд. Нашрияи “The Times of Israel” бо такя ба маълумоти ироакардаи Артиш ва Вазорати тандурустии Исроил навишта буд, ки аз мушакҳои партобкардаи Эрон 28 сокини Исроил кушта шудааст. Теъдоди ҷароҳатбардоштагон 3 ҳазору 238 тан гуфта мешавад.
Ёдрас мешавем, ки даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон, ки 13-уми июн бо ҳамлаи беасоси аввалӣ оғоз гардид, пас аз бомбафканиву мушакпартоиҳо, зарбаҳои ҳавоии Амрико ба Эрон ва посухи Теҳрони расмӣ ба он, рӯзи 24-уми июн, бо миёнҷигарии Амрико ва Давлати Қатар бо оташбас ба поён расид.
Дар лаҳзаҳои аввали эълони оташбас ҳарду ҷониб ҳамдигарро ба нақзи он айбдор карданд, аммо инак рӯзи ҳаштуми оташбас идома дорад. Дар ин муддат расонаҳо аз эҳтимоли оғози як ҷанги дигар аз сӯйи Исроил гузоришҳо нашр мекунанд, аммо мақомоти расмии ин кишвар расман чизе нагуфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста