Бар асари заминларзаи шадиди 6-балла, ки шаби 31-уми август ба 1-уми сентябр  дар Афғонистон рух дод, тибқи иттилои охир, беш аз 800 кас ба ҳалокат расида, 2500 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати “Толибон”*, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул хабар дод.

 

Вилояти Кунар бештар осеб дидааст

Ба иттилои манбаъ, заминларзаи 6-балла дар Афғонистон ҳудуди соатҳои 12 шаби гузашта рух дода, вилоятҳои Кунар, Нангарҳор, Нуристон ва Лағмон дар шарқи ин кишварро сахт такон додааст.

Намояндагони “Толибон”* гуфтаанд, қисми зиёди қурбониён дар вилояти дурдасти Кунар ба қайд гирифта шудаанд. Мақомоти вилоят гузориш медиҳанд, ки танҳо дар Кунар 500 кас ҷон бохта ва тақрибан 1000 кас захмӣ шудаанд.

Ин заминларза ба ноҳияҳои Ватапур, Манугӣ, Чапа Дара, Сукӣ ва Норгул низ хисороти ҷиддӣ расонида, биноҳои зиёдеро хароб кардааст.

Натиҷаи заминларзаи шаби гузашта
Акс аз khaama.com

Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки бо назардошти дар зери харобаҳо мондани теъдоди зиёди одамон, эҳтимоли афзоиши қурбониён вуҷуд дорад. Амалиёти наҷотдиҳӣ ба далели маҳалли душворгузар, харобии роҳҳо ва пулҳо ва қатъи шабакаҳои алоқа бо мушкилот рӯбарӯ шудааст.

Бо вуҷуди ин, дастаҳои наҷотдиҳанда ва сокинони маҳаллӣ барои берун овардани осебдидагон аз зери харобаҳо талош доранд. Дастаҳои ёрирасон аз Кобул ва вилоятҳои ҳамсоя ба минтақаҳои осебдида фиристода шудаанд.

Расонаҳои форсӣ менависанд, ки барои табобат ва муолиҷаи занон ҳоло бо адами табиби зан мувоҷеҳ шудаанд. Яке аз мамониатҳои “Толибон” дар 4 соли ҳукмрониашон таҳсил ва кори занон буд, ки дар ҳаводиси табиӣ ин амалкардашон ба сокинон таъсири бад расонд.

 

Вокунишҳои байналмилалӣ

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин фоҷиа вокуниш нишон дода, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), омодагии худро барои расонидани кумакҳои башардӯстона баён карданд.

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ба осебдидагони заминларза дар Афғонистон изҳори ҳамдардӣ карда, гуфт, ки кумаки башардӯстона мефиристад.

Кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Покистон, Ҳиндустон ва Эрон, ҳамдардии худро баён карда, барои расонидани ёрии моддӣ ва фаннӣ изҳори омодагӣ карданд.

Кормандони мудофиаи шаҳрвандӣ, сокинони маҳаллӣ ва сарбозон барои тахлияи қурбониёни заминларза фаъолият доранд.
Акс аз AP/Hedayat Shah

Тоҷикистон то ҳол ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ накардааст ва маълум нест, ки ёрии башардӯстона мефиристад ё на. Дар ҳаводиси табии солҳои гузашта кишвари мо ба мардуми Афғонистон кумакҳои башардӯстона фиристода буд.

Зимнан, бархе сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахт ҳам шаби гузашта, тақрибан соати 00:15 заминҷунбиро эҳсос карданд. Ҳоло дар бораи заминҷунбӣ дар Тоҷикистон маълумоти расмӣ нашр нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар Афғонистон заминларзаи 6,3 дараҷа рух дод, ки бар асари он беш аз 1 ҳазору 500 тан ҷон бохтанд. Ин маргбортарин офати табиӣ буд, ки дар Афғонистон рух дод.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.