Амрико мехоҳад, ки пойгоҳи ҳавоии Багромро аз дасти Толибон*, ки ҳоло дар Афғонистон ҳоким ҳастанд, бозпас гирад. Аммо намояндагони "Толибон" мегӯянд, ки ҳеҷ гуна ҳузури низомии Амрикоро дар Афғонистон намепазиранд.
Ба иттилои хабаргузории “Afghanistan International”, Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 18-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ пас аз вохӯрӣ бо нахуствазири Бритониё Кир Стармер дар Лондон гуфт, "Толибон" ба кӯмаки ИМА муҳтоҷанд ва ин пойгоҳ барои Амрико аҳамияти стратегӣ дорад, зеро “он дар фосилаи як соат то маконе ҷойгир аст, ки он ҷо Чин силоҳҳои ҳастаӣ истеҳсол мекунад”.
Мақомоти "Толибон" ба ин суханҳо зуд вокуниш нишон дода, иддаои бозпас гирифтани пойгоҳро ғайримантиқӣ хонданд. Хабаргузории "ВВС" бо такя ба нигоштаи Зокир Ҷалол, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, менависад, ки Кобул барои чунин як муомила омода нест ва ҳеҷ гуна ҳузури низомии Амрикоро дар Афғонистон намепазирад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон", ин хоҳиши Трампро “хобу хаёл” номида, таъкид кардааст, ки “пойгоҳи Багром дар ихтиёри нерӯҳои Аморати Исломӣ аст ва Афғонистон як кишвари мустақил мебошад”.
Чин низ дар вокуниши худ эҳтироми комил ба истиқлолият ва тамомияти арзии Афғонистонро эълон кард. Лин Тсян, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, гуфт, ки ояндаи Афғонистон бояд дар дасти мардуми ин кишвар бошад ва эҷоди ташаннуҷ дар минтақаро нодуруст хонд.
BBC бо такя ба як манбаи расмии амрикоӣ навиштааст, ки дар айни замон ҳеҷ гуна нақшаи амалӣ барои бозпасгирии низомии пойгоҳи Багром вуҷуд надорад. Ин манбаъ, ки номаш ифшо намешавад, гуфтааст, чунин амалиёт ба даҳҳо ҳазор сарбоз, хароҷоти зиёд ва мушкилоти логистикӣ ниёз дорад.
Коршиносон низ бар ин назаранд, ки ҳатто агар "Толибон" бо муомилае ризоят диҳанд, пойгоҳ бояд аз таҳдидҳои гурӯҳҳои тундраве ба монанди Давлати Исломӣ (ДИИШ)* ва Ал-Қоида* муҳофизат карда шавад.
Пойгоҳи ҳавоии Багром, ки дар солҳои 1950-ум аз ҷониби Шӯравӣ сохта шуда буд, пас аз соли 2001 ба муҳимтарин пойгоҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон табдил ёфт. Дар авҷи ҳузури нерӯҳои эътилофӣ, он дорои тарабхонаҳои машҳур, аз қабили "Burger King" ва "Pizza Hut" буд. Нерӯҳои амрикоӣ ин пойгоҳро дар тобистони соли 2021, чанд ҳафта пеш аз хуруҷи пурраи худ, тарк карданд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак 4 сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста