Расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки интернет дар саросари ин кишвар аз шоми рӯзи гузашта, 29-уми сентябр қатъ гардидааст. Онҳо навиштанд, сараввал интернети нахи нурӣ (интернети ноқилӣ) дар тамоми Афғонистон қатъ гардида, баъдан интернети мобилӣ ҳам ба мушкил дучор шудааст.
Ҳукумати "Толибон"* то кунун сабаби қатъи интернет барои беш аз 40 миллион шаҳрванди Афғонистонро шарҳ надодаанд. Аммо дар гузашта гуфта буданд, ки ин иқдомро ба хотири “пешгирӣ аз амалҳои бад” анҷом медиҳанд.
Созмони "NetBlocks", ки амнияти сайберӣ (киберӣ) ва мудирияти интернетро дар тамоми дунё назорат мекунад, эълон кардааст, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо қатъи комили интернет рӯ ба рӯ аст ва ҳоло хадамоти телефонӣ ҳам дар вазъияти бад қарор дорад.
Ба гузориши расонаҳо, қатъи комили интернети ноқилӣ ва мушкил дар шабакаҳои мухобиротии Афғонистон, мавқуф мондани чандин парвозҳои ҳавопаймоӣ, дучори мушкил шудани хидматрасониҳои бонкӣ, аз кор мондани дурбинҳои амниятӣ, қатъи пахши бархе шабакаҳои телевизионӣ ва саргардонии мардумро дар пай доштааст.
Аз ҷумла, сомонаи "Flightradar 24" гузориш додааст, ки рӯзи 30 сентябр панҷ парвоз ба Кобул лағв шудааст, ки се парвоз аз Дубай ва ду парвози дигар аз Истанбул ва Маскав буданд.
Мақомоти “Толибон” аз чанд ҳафта қабл маҳдуд кардани интернети нахи нуриро дар Афғонистон оғоз карда, дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар ин навъи интернетро қатъ карда буданд.
Ин тасмими ҳукумати “Толибон” нигаронии ҷомеаи дохилии Афғонистон ва берун аз онро ба миён овардааст.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак 4 сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунанд.
Дар ин давра онҳо як қатор маҳдудиятҳоро барои аҳолии ин кишвар, махсусан занону духтарон дар таҳсилу кор ҷорӣ карданд, ки боиси вокуниши тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста