Дар пайи як таркиш дар шаҳри Кобул дар шаби  9-уми октябр, Нур Валӣ Маҳсуд, раҳбари гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” (ТТП)* кушта шудааст. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд.

Ба навиштаи хабаргузории “8-и субҳ”, шаби гузашта таркишҳои шадид дар қисматҳои марказии шаҳри Кобул, аз ҷумла дар наздикии чорроҳаи Абдулҳақ ва манотиқи Кортаи Нав, Шаҳри Нав, Тайманӣ ва Хайрхона ба вуқӯъ пайвастанд.

Сокинони маҳаллӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ як мошини тамғаи “Ландкрузер” ҳадаф қарор гирифтааст.

 

Тасдиқи "Толибон" ва ишора ба ҳамлаи Покистон

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”*, вуқӯи таркишро тасдиқ карда, гуфтааст, ки ҳоло дар пайи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо вуҷуди ин, манобеъ аз миёни “Толибон” ба хабаргузории “Afghanistan International” тасдиқ кардаанд, ки ин ҳодиса натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои Покистон аст.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Покистон “Толибон”-ро ба паноҳ додани ТТП дар ин кишвар муттаҳам мекунанд. Хоҷа Осиф, вазири дифоъи Покистон, баъди ин ҳамла дар шабакаи "X" паёме мунташир кардааст, ки дар он ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Кобул ишора шудааст.

Ӯ бо таҳдиди ошкор изҳор дошт, ки “Толибон”-и Афғонистон “баҳои паноҳ додани “Толибони Покистон”-ро хоҳанд дод” ва таъкид кард, ки “сабри ин кишвар дар баробари террористҳо ва пуштибонони онҳо ба поён расидааст”.

Ин изҳорот дар расонаҳои форсӣ ҳамчун тасдиқи ғайрирасмии даст доштани Покистон дар ин ҳамла бозгуй мешавад.

Хоҷа Осиф
Акс аз "Afghanistan International"

 

Раҳбари ба эҳтимол кушташудаи ТТП кист?

Хабаргузории афғонистонии “Омӯ” бо такя ба чанд манбаъ менависад, ки дар пайи ҳамлаи шаби гузашта Нур Валӣ Маҳсуд, раҳбари гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” кушта шудааст.

Нур Валӣ Маҳсуди 47-сола аз афроди таъсиргузорестест, ки таҳти таъқиби Покистон буд ва пас аз кушта шудани Мулло Фазлуллоҳ дар соли 2018 ба раҳбарии ТТП расид.

Ба навиштаи “Омӯ”, ӯ як амалиёти ТТП дар Карочиро роҳбарӣ мекард ва шабакаи зери фармонаш дар ғоратгарӣ ва одамрабоӣ барои таъмини манобеи молӣ фаъолият дошт. Маҳсуд чаҳорумин раҳбари ТТП дар тӯли таърихи ин гурӯҳ буд.

 

Вокуниши намояндаи Афғонистон дар СММ: “Нақзи ошкорои тамомияти арзии Афғонистон аст”

Ин ҳамла мавҷи маҳкумиятҳои шадидро дар пай дошт. Аз ҷумла, Носираҳмад Фоиқ, намояндаи Афғонистон дар СММ, ин ҳамлаҳоро “таҷовуз ва нақзи ошкорои тамомияти арзии Афғонистон” номида, гуфт, “чунин иқдомоти ғайриқонунӣ зери ҳар гуна баҳонае ғайри қобили қабул буда, сулҳ ва суботи минтақаро коҳиш медиҳад”.

Вазорати ҷанги Амрико ҳам дар вокунишаш гуфт, ки онҳо аз гузоришҳо огоҳ ҳастанд, аммо “дар айни замон сухане барои гуфтан надоранд”.

Носираҳмад Фоиқ
Акс аз "Afghanistan International"

Расонаҳо менависанд, ки фармондеҳони “Толибон” дар Кобул дар пайи ин ҳодиса дар ҳолати омодабош қарор доштанд ва ба нерӯҳои худ дастур доданд, ки фавран маҳалли ҳодисаро муайян кунанд.

 

Ҳамлаи Покистон ба Афғонистон чӣ паём дошт?

Ҳамла дар ҳоле анҷом шуд, ки Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи гурӯҳи "Толибон", дар як сафари расмӣ дар Ҳинд қарор дошт. Ин аввалин сафари расмии ӯ аз замони ба қудрат расидани "Толибон" дар соли 2021 маҳсуб мешавад.

Хабаргузории “Afghanistan International” бо такя ба гуфтаи Билол Сарварӣ, рӯзноманигори маъруфи афғонистонӣ навиштааст, ки интихоби замони ҳамла аз ҷониби Покистон “паёми равшан ба Толибон” аст.

Ба гуфтаи ӯ, Покистон бо ин амал нигаронии худро аз “гарм шудани муносибатҳои Кобул бо Деҳлӣ” баён кардааст. Ӯ афзуд, ки ин дафъа Покистон ба ҷои манотиқи марзӣ ба пойтахти “Толибон”- Кобул, ҳамла кардааст.

Бояд гуфт, ки ин нахустин амалиёти Покистон дар хоки Афғонистон нест. Охири моҳи сентябр Муҳаммад Эҳсонӣ, як фармондеҳи ДОИШ-и Хуросон*, ки “шаҳрванди Тоҷикистон” гуфта мешуд, дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон кушта шуд. Расонаҳои покистонӣ навиштанд, ки дар пайи амалиёти маъмурони ин кишвар  яке аз фармондеҳони ДОИШ* дар Афғонистон ба қатл расидааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳҳои террористӣ эътироф шудаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.