Дар нишасти сулҳ дар Ғазза, ки рӯзи 13-уми октябр дар шаҳри Шарм-уш-шайхи Миср доир шуд, созишномаи оташбас миёни Исроил ва ҲАМОС ба имзо расид.
Ба ин санад Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср, Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ, Амири Қатар ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, ба унвони миёнҷигарон ва кафилони оташбас дар Ғазза имзо гузоштанд.
Дар нишасти сулҳ дар Ғазза, ки бо даъвати Миср ва Амрико доир шуд, дар умум беш аз 20 раҳбару мақомдори кишварҳои ҷаҳон ширкат доштанд, аз ҷумла, Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Фаластин, Малик Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Урдун, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, Кир Стармер, нахуствазири Бритониё, Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, Ҷорҷа Мелони, нахуствазири Италия ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон.

Раҳбарони ҲАМОС ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар нишасти мазкур ширкат накарданд.
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ва Аббос Ароқчӣ, вазири хориҷаи ин кишвар, даъвати Миср барои ширкат дар нишасти Шарм-уш-шайхро рад кардаанд. Ароқчӣ гуфтааст, “мо наметавонем бо касоне, ки ба ба мардуми Эрон ҳамла кардаанд ва ҳамчунин моро таҳдид ба таҳрим мекунанд, вориди муомила шавем”.
Бояд гуфт, ҲАМОС рӯзи душанбе ба унвони бахше аз тавофуқи оташбас, 20 гаравгони зиндаи исроилӣ ва ҷасади 4 асири мурдаро аз тариқи Салиби сурх ба Исроил супорид. Ин гурӯҳ қарор аст, 24 ҷасади дигари гаравгонро ба Исроил диҳад. Дар ивази онҳо, Исроил эълон кард, ки 1968 зиндонии фаластиниро раҳо кардааст, ки бештари онҳо ба Каронаи Бохтари ва Ғазза баргашта, теъдоде ҳам ба Миср ва Туркия ихроҷ шудаанд.

Оташбас дар Навори Ғазза пас аз он ба иҷро даромад, ки кобинаи давлати Исроил рӯзи 9-уми октябр марҳилаи аввали тавофуқи сулҳи пешниҳодкардаи Амрикоро, ки шомили ивази асирон, ақибнишинии Исроил ва ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза буд, тасвиб кард.
Музокироти ғайримустақим миёни Исроил ва ҲАМОС бо миёнҷигарии Қатар ва Миср бар сари тарҳи сулҳи 20-бандии пешниҳодкардаи Амрико аз рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Мирс оғоз шуд. Баъдан намояндаҳои Амрико ва Туркия ба он ҳамроҳ шуданд.

Бино ба маълумоти то ин лаҳза нашршуда, марҳилаи дуюми ин тарҳ як силсила тадбирҳо барои бозсозии Ғазза, кафолати амнияти Исроил ва фиристодани як ҳайати байналмилалӣ барои назорат бар иҷрои оташбасро дар бар мегирад.
Аммо бисёре аз ҷузъиёти марҳилаҳои баъдии тарҳи сулҳи Ғазза, аз ҷумла навъи ҳокимият дар он, мизони хуруҷи Исроил аз ин хати танги соҳилӣ ва халъи силоҳи ҲАМОС, баҳсбарангез боқӣ мемонад.
Бояд гуфт, низоъи ахир дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил 1200 нафар кушта шуданд ва 250 кас гаравгон афтоданд. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард.
Дар пайи ҳамлаи Исроил ба Ғазза, то кунун беш аз 67 ҳазор сокини ин минтақа кушта шудаанд, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Куштори сокинони осоишта ва махсусан занону кӯдакон, ҳуҷум ба марказҳои имдодрасонӣ ва тиббӣ, масоҷиду макотиб ва дар муҳосираи комил нигоҳ доштани сокинони навори Ғазза аз сӯйи Исроил борҳо мавриди интиқоти ҷомеаи байналмилал қарор гирифтааст, аммо Исроил ин ҳамаро нодида гирифтааст.
Дар ин миён бо миёнравии Қатару Миср чанд маротиба миёни Исроил ва ҲАМОС барои чанд муддат оташбас эълон шуд ва чанде аз асирон раҳо ва ҷасади чанд нафар баргардонида шуданд. Аммо дар ниҳоят ҳеҷ як оташбас пойдор намонд ва ҷанг идома кард.





Сарфаи барқ дар рӯзгор. Чӣ гуна метавон кам пул харҷ кард?
Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст
“Тақдири миллатро ҳал кард”. Сокинон дар бораи Иҷлосияи 16-ум чӣ медонанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 ноябри соли 2025
Тирамоҳи заррини Тоҷикистон. Беҳтарин аксҳои хонандагони “Азия-Плюс”-ро гирд овардем
Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста