Дидори Доналд Трамп ва Владимир Путин, раисҷумҳурҳои Амрико ва Русия, ки қарор буд, дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор шавад, бекор шудааст. Раисҷумҳури Амрико гуфт, намехоҳад вохӯрии “беҳуда” дошта бошад.
Тавре хабаргузории "Би-Би-си" менависад, Доналд Трамп гуфтааст, эҳтимол мулоқоти онҳо дертар сурат гирад. Ба гуфтаи ӯ, суҳбатҳо бо Владимир Путин одатан дар фазои мусбат сурат гирифта, вале "натиҷаҳои мушаххас намеоранд".
Рӯзи 21-уми октябр як мақоми Кохи сафед ба хабарнигорон гуфта буд, ки ҳеҷ барноме барои дидори Доналд Трамп ва Владимир Путин дар “ояндаи наздик” вуҷуд надорад.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш раисҷумҳури Амрико пас аз суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш гуфта буд, ки эҳтимол “дар ду ҳафтаи оянда” дар Маҷористон бо ӯ вохӯрад. Мавзуи асосии дидори эҳтимолии онҳо поён додан ба ҷанг дар Украина гуфта мешуд.
Доналд Трамп: "Барои азхуд кардани истифодаи "Томаҳавк" то 1 сол лозим аст"
Ба иттилои хабарагузории "Би Би Си", Доналд Трамп гуфтааст, ки барои омӯзиши истифодаи мушакҳои дурпарвози "Томҳавк" на камтар аз 6 моҳ ва одатан тақрибан 1 сол лозим аст. Ӯ шарҳ додааст, ки маҳз тӯлонӣ будани давраи омӯзиш, сабаб шудааст, ки Амрико мушакҳоро ба Украина намедиҳад.
"Бе чунин омодагӣ низомиёни украинӣ наметавонанд "Томаҳавк"-ро истифода баранд. Танҳо як имконият мемонад - агар мо худамон онҳоро ба кор андозем, вале ин кор сурат намегирад", - таъкид кардааст Трамп
Ҳарчанд Доналд Трамп қаблан, имкони додани ин мушакҳоро ба Украина рад накарда буд, вале ба гуфтаи коршиносон, дар мулоқот бо Владимир Зеленский, президенти Украина дар Кохи Сафед ба ӯ паём дод, ки ин кор сурат намегирад.
Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки ИМА то ҳол ният надорад, ки низомиёни кишварҳои дигарро тарзу усулҳои истифодаи "Тоҳавк"-ро омӯзонад.
Мулоқоти сеюми Владимир Зеленский бо Доналд Трамп дар Кохи Сафед рӯзи 17-уми октябр баргузор шуд. Ба навиштаи расонаҳо, он бидуни пешрафти дипломатӣ, кафолатҳои амниятӣ ва “инқилоб”-е дар масъалаи дастгирии Амрико аз Украина ба поён расид.
Таҳримҳо Амрико алайҳи "Роснефт" ва "Лукойл"
Доналд Трамп дар робита ба таҳримҳои Вазорати молияи ИМА алайҳи ширкатҳои русии "Роснефт" ва "Лукойл" изҳори умедворӣ кардааст, ки онҳо ба зудӣ бекор хоҳанд шуд.
"Ин таҳримҳои хеле ҷиддӣ ҳастанд… Мо умедворем, ки онҳо дер давом намекунанд ва масъалаи ҷанг ба наздикӣ ҳаллу фасл мешавад", - гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон пас аз мулоқот бо Марк Рютте, дабири кулли НАТО.
Дирӯз, 22-юми октябр Скотт Бесент, вазири молияи ИМА эълом дошт, ки алайҳи ду ширкати истеҳсоли нафти Русия - “Роснефт” ва”Лукойл” таҳримҳо ҷорӣ кардааст.
Скотт Бессент, ки масъули назорати таҳримҳои ин кишвар аст, далели таҳримҳои нав алайҳи Русияро ба "саркашӣ”-и Владимир Путин, раисҷумҳури Русия “аз хотима додан ба ҷанги бемаъно" дар Украина хондааст.
Ба гуфтаи Бессент, “Роснефт” ва “Лукойл” “мошини ҷангии Кремлин”-ро таъмини молӣ мекунанд. Ӯ афзудааст, ки “замони он расидааст, ки куштор боздошта шавад ва оташбаси фаврӣ барқарор гардад”.
Ба навиштаи ББС, “Роснефт” ва “Лукойл” дар умум дар як рӯз 1,3 миллион бушкаи нафт содир мекунанд ва “Роснефт” ба танҳои истихроҷи тақрибан нисфи нафти Русияро бар уҳда дорад.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста