Дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Исроил ба минтақаи ҷануби шаҳри Бейрут, Ҳайсам Алӣ Таботабоӣ, раиси Ситоди гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон кушта шудааст.
Ба гузориш расонаҳои Лубнон, Таботабоӣ, ки бо номи Саид Абуалӣ маъруф буд, соли 1968 аз падари эронӣ ва модари лубнонӣ дар Бейрут ба дунё омадааст. Ӯ замоне фармондеҳи воҳиди “Ризвон”, нерӯҳои нухбаи “Ҳизбуллоҳ” буд ва пас аз он Таботабоӣ ба унвони нафари дуввуми ин гурӯҳ пас аз Наим Қосим шинохта мешуд.
Ҳамлаи маргбори Исроил ба Бейрут рӯзи 23-юми ноябр анҷом шуда, дар пайи он, ба иттилои Вазорати беҳдошти Лубнон, дасти кам 5 нафар кушта ва ҳудуди 30 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Дафтари нахуствазири Исроил эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу шахсан дастури ҳамлаи ҳавоӣ ба Лубнонро содир кардааст. Исроил Таботабоиро “масъули роҳбари раванди бозсозӣ ва мусаллаҳ кардани" Ҳизбуллоҳ хондааст.
“Ҳизбуллоҳ” гуфтааст, ки Исроил бо ин ҳамла “хатти сурх”-ро убур кардааст. Алӣ Аммор, намояндаи “Ҳизбуллоҳ” дар парлумони Лубнон ҳуҷуми Исроилро “таҷовузи хоинона ба як минтақаи комилан маскунӣ” хондааст.
Жозеф Аун, раисҷумҳури Лубнон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои боздоштани ҳамлаҳои Исроил ба кишвараш қотеона мудохила кунанд.
Куштори фарди дуввуми ин гурӯҳ дар ҳолест, ки дар моҳи сентябри соли гузашта, дар пайи як ҳамлаи Исроил ба Бейрут, Ҳасан Насруллоҳ, роҳбари пешини “Ҳизбуллоҳ” кушта шуда буд.
Пас аз кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, Наим Қосим, ки то ин вақт муовини дабири кулли ин гурӯҳ буд, роҳбарии "Ҳизбулоҳ"-ро ба уҳда гирифт.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза, "Ҳизбуллоҳ" бо нишони ҳамраъйӣ ба мардуми Фасластин амалан вориди ҷанг бо Исроил шуд. Дар вокуниш ба ин, Исроил ҳамла ба Лубнонро густариш дод ва чанд роҳбари “Ҳизбуллоҳ”-ро кушт.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста