Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико ба ин кишвар кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузории "ИРНА" такя ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон иттилоъ додааст.
Манбаъ менависад, ки Алии Хоманаӣ субҳи 28-уми феврал дар маҳалли кораш ҳангоми иҷрои вазифа кашта шуд. Ӯ 86 сол дошт ва 37 сол пеш, пас аз марги Оятуллоҳ Хумайнӣ, бундёгузори Ҷумҳурии исломӣ ба мақоми раҳбари олии Эрон расида буд.
"Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари бузурги инқилоби исломӣ, рӯзи шанбе, 28 феврал, дар ҳамлаи субҳ аз ҷониби режими саҳюнистӣ (Эрон Исроилро чунин ном мебарад, аз идора) ва Иёлоти Муттаҳида ба шаҳодат расиданд", - навиштааст ИРНА.
Ҳамчунин, ба навиштаи хабаргузории "Форс", духтар, домод ва набераи Алии Хоманаӣ низ кушта шудаанд. Ин расона илова кардааст, ки яке аз келинҳои ӯ низ ҷон бохтааст.
Қаблан дар бораи кушта шудани Алии Хоманаӣ, Доналд Трамп , расиҷумҳури Амрико хабар дода буд.
Дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ дар Эрон 40 рӯз мотам ва 7 рӯз таътили умумӣ эълон шуд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз кушта шудани чанд фармондеҳи олии артиши Эрон, аз ҷумла, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои амнияти Эрон, Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посодорони инқилоби исломӣ, Азиз Носирзода, вазири дифоъи Эрон низ хабар медиҳанд. Вале мақомоти Эрон то ҳол ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги нав дар Ховари миёна субҳи дирӯз, 28-уми феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард.
Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон то ҳол баёнияи расмие нашр накардааст. Вале сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо пашхи як баёния ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эронро “амалиёти низомӣ” хонда, шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки ин кишварро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”.
Дар ҳамин ҳол, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон бекор шудаааст.
Ҳоло вазъ дар Эрон ва кулли минтақа печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста