Бо ворид шудан ба рӯзи 20-уми ҷанг дар Эрон, ин кишвар кушта шудани вазири иттилоот (истихборот)-и худро тасдиқ кард. Сипоҳи посдорон дар посух ба ҳамлаи Исроил ба таъсисоти нафти Порси Ҷанубӣ, шаби гузашта чанд пойгоҳи нафту газ дар кишварҳои Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Мттаҳидаи Арабиро ҳадаф дод ва Амрикову Исроил бори аввал ба шимоли Эрон ҳамла кардаанд.

 

Ҳамла ба таъсисоти нафтӣ ва вокуниши Пизишкиёну Трамп

Шаби гузашта, пас аз ҳамла ба таъсисоти нафти Порси Ҷанубӣ, Сипоҳи посдорони Эрон дар як баёнияи фаврӣ ба Қатар, Арабистон ва Иморот ҳушдор дод, ки сокинони наздик ба таъсисоти нафту гази худро тахлия кунанд.

Пеш аз ин, Сипоҳ гуфта буд, ки агар Амрикову Исроил ба таъсисоти нафтӣ, энержӣ ва иқтисодии Эрон ҳамла кунанд, “тамоми таъсисоти нафтӣ ва энержии минтақа, ки бо саҳмияи амрикоиҳо фаъолият мекунанд, ҳадафи онҳо хоҳад буд”.

Таъсисоти гази "Рас Лаффон"-и Қатар
Акс аз REUTERS

 

Дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба таъсисоти нафтии ин кишварҳои Халиҷи Форс, Қатар эълон кард, ки корхонаи асосии гази ин кишвар - “Рас Лаффон” дар пайи ин ҳамлаҳо “хисороти густарда” дида, фаъолияти он қатъ шудааст.

Ҳукумати ин кишвар, ҳамла ба таъсисоти газашро маҳкум кардааст ва дар ҷавоб кормандони бахши низомӣ ва амниятии Сафорати Эрон дар Давҳаро аз кишвараш ихроҷ кардааст.

Эрон дар бораи ҳамлаи шаби гузаштааш ба таъсисоти нафтии Арабистон ва Иморот иттилоъе надодааст. Ин ду кишвар ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп пас аз ҳамлаи рӯзи гузашта ба таъсисоти нафтии Порси Ҷанубӣ ва Асалуя гуфтааст, ки “Амрико аз ин ҳамла хабар надошт” ва Қатар низ аз ин ҳодиса огоҳ набуд.

Раисҷумҳури Амрико гуфтааст, дигар Исроил ба Порси Ҷанубӣ ҳамла нахоҳад кард, агар Эрон дигар ба таъсисоти гази Қатар ҳамла накунад.

Масъуд Пизишкиён ҳамла ба таъсисоти нафтӣ ва энержии Эронро маҳкум карда, ҳушдор додааст, ки ҳамла ба чунин зерсохтҳо “шароитро печидатар карда ва метавонад, паёмадҳои хориҷ аз идора ба дунбол дошта бошад, ки домаи он ҳамаи ҷаҳонро даргир мекунад”.

Сипоҳи посдорони Эрон низ ҳушдор додааст, ки агар дубора ба таъсисоти нафтии Эрон ҳамла шавад, нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ посухи аз ин сахтаре хоҳад дод.

Пас аз ин изҳоротҳо, рӯзи 19-уми март Қатар хабар дод, ки дубора таъсисоти гази “Рас Лаффон” мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст. Ин ҳамла боиси сухтор ва хисороти бузург шудааст.

Ба ҷуз ин, ба як ширкати нафти вобаста ба “Саудӣ Арамко”-и Арабистон ва як ширкати амрикоӣ дар соҳили Баҳри Сурх низ ҳамла шудааст. Ҷузъиёти ин ҳодисаҳо ҳоло маълум нест.

Дар пайи танишҳои ахир, нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба 114 доллар барои як баррел афзоиш ёфт.

 

Эрон кушта шудани Исмоил Хатибро тасдиқ кард

Ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии ҷонибҳо дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон тасдиқ кард, ки Исмоил Хатиб, вазири иттилоот (истихборот) дар пайи ҳамлаҳои шаби  17 ба 18-уми марти Исроил ба Теҳрон кушта шуд.

Исмоил Хатиб баландтарин мақоми амниятии Эрон буд ва дар роҳбарии сохторҳои иктишофӣ ва зиддиҷосусии ин кишвар нақши муҳим мебозид.

Исмоил Хатиб
Акс аз ИРНА

 

Ӯ пас аз Азиз Носирзода, вазири дифои Эрон дуввумин вазири Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки дар ҳамлаҳои ахири Амрикову Исроил кушта мешавад.

Исмоил Хатиб дар замони раёсатҷумҳурии Иброҳим Раисӣ моҳи августи соли 2021 ба мақоми вазири иттилооти Эрон интихоб шуд ва ин мақомро дар давраи раисҷумҳурии Масъуд Пизишкиён низ нигоҳ дошт. Номбурда 65 сол дошт.

Зимнан, Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон дар ду номаи ҷудогона кушта шудани Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ, раиси Созмони Басиҷро таслият гуфтааст.

 

Аввалин ҳамла ба шимоли Эрон

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта ба чанд шаҳр ва як бандар дар вилояти Гелони Эрон ҳамла шудааст. Ҷузъиёти ин ҳамлаҳо маълум нест, вале ин аввалин ҳамлаи Амрикову Исроил ба шимоли Эрон аз оғози даргирӣ бо ин кишвар аст.

Ҳамчунин, хабаргузории “Форс” шаби гузашта навист, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба минтақаи маскуние дар Теҳрон як кӯдаки 3-моҳа кушта шудааст. Раиси низоми пизишкии Эрон гуфтааст, ки дар давоми ҳамлаҳо 20 беморхона осеб дида, беморхонаи “Гандӣ”-и Теҳрон пурра аз кор мондааст.

Харобиҳо дар маркази Исроил пас аз ҳамлаҳои Эрон, 18 март
Акс аз Flash90

 

Сипоҳи посдорони Эрон низ, шаби гузашта ва субҳи 19-уми март аз ҳамлаҳои ҷадид ва муштарак бо “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил хабар додааст.

“BBC” гузориш медиҳад, ки мушакҳо ба як минтақае дар Тел-Авив осеб расондааст. Ҳамчунин, дар зарбаҳои рӯзи 18-уми марти Эрон ба фурудгоҳи Бен-Гуриони Тел-Авив се ҳавопаймо осеб дидааст.

 

“Пешниҳоди Эрон дар музокироти ҳастаӣ бо Амрико метавонист аз ҷанг пешгирӣ кунад”

Дар ҳоле, ки ҷанг дар Эрон ва таниш дар минтақаи Ховари Миёна авҷ мегирад, гуфтугузорҳо дар бораи пешгирии он зиёд мешавад. Аз ҷумла, рӯзномаи бритониёии “Гардиан” аз қавли мушовири амнияти миллии Бритониё менависад,  ки “пешниҳодҳои Эрон дар даври охири музокироти ҳастаӣ ба қадре қобили таваҷҷӯҳ буд, ки метавонист аз сар задани ҷанг пешгирӣ кунад”.

Ҷонатан Пауэлл, ки дар ду даври охири музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико дар Женева иштирок доштааст, изҳор доштааст, пешниҳодҳое, ки музокиракунандагони эронӣ рӯии миз гузошта буданд, барои ӯ ва ҳамроҳонаш “ғофилгиркунанда” буд.

Даври охири музокироти ҳастаии Эрон бо Амрико 26-уми феврал дар Женева баргузор шуд. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон пас аз поёни он гуфта буд, ки “пешрафтҳои хуб” ҳосил шуд. Пас аз ду рӯзи ин давр, 28-уми феврал Амрикову Исроил ба Эрон ҳамла карданд.

Дар ҳамин ҳол, Рӯзномаи "Вашингтон Пост" менависад, ки Вазорати ҷанги Амрико аз Кохи Сафед хостааст, ки барои маблағгузории ҷанги Эрон беш аз 200 миллиард доллар ҷудо кунад. Тибқи гузориш, ин рақам, аз хароҷоти кунунии маъмурияти Доналд Трамп барои ҷанг дар Эрон хеле бештар аст ва барои истеҳсоли фаврии силоҳҳое, ки дар ҷанг истифода шуд, масраф мешавад.
Кормандони Ҳилоли аҳмари Эрон дар ҳоли наҷотдиҳӣ
Акс аз AFP

 

Дар вокуниш ба ин хабар, Аббос Ароқчӣ дар саҳифаи "Х"-и худ навиштааст, "шаҳрвандони одии Амрико бояд Бинямин Натаняҳу ва ҳамроҳонаш дар Кунгураро ба хотири "молиёти исроилмеҳвар"-и трилион долларӣ, ки дар остонаи таҳмил ба иқтисоди Иёлоти Муттаҳида аст, масъул донанд".

 

Таниш дар Ховари Миёна

Дар пайи ҷанги Амрикову Исроил алаҳайи Эрон, вазъ дар Ховари Миёна низ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ҷумла, танҳо дар ду рӯзи ахири ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон 45 нафар кушта шудааст.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” навиштааст, ки то 18-уми март теъдоди қурбониён дар Лубнон ба 912 тан расида, беш аз 2,2 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ ва ҳамзамон беш аз як миллион сокини дигар овора шудааст.

Дар ин тасвирбаён дар пайи даргирҳо дар Ховари Миёна то 18-уми март кадом кишвар чанд қурбонӣ ва захмӣ дорад гирдоварӣ шудааст
Тасвирбаёни "Ал-Ҷазира"

 

Дар ҳамин ҳол, “Ҳизбуллоҳ”-и Ироқ гуфтааст, ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдодро қатъ мекунад, агар Исроил зарба зада ба ҷануби Лубнон ва ҳадаф қарор додани минтақаҳои маскунӣ дар Ироқро хотима бахшад.

Дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ба як пойгоҳи низомии Ироқ як нафар кушта шуда, 2 тани дигар захмӣ гаштааст.

Арабистони Саудӣ иттилоъ додааст, ки дар пайи суқути мушак ва паҳподҳое, ки раҳгирӣ кардааст, 4 нафар захмӣ шудааст. Ҷузъиёти ин ҳамла маълум нест.

Кувайт низ мегӯяд паҳпод ва мушакҳое, ки аз сӯи Эрон партоб шуда буд, раҳгирӣ кардааст.

Зимнан, дар тангаи Ҳурмуз як нафткаш мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Аз куҷо ҳадаф қарор гирифтани ин нафткаш маълум нест.

Тибқи иттилои расонаҳои амрикоӣ, нови ҳавопаймобари “Ҷералд Форд”, ки бузургтарин нови ҳавопаймобари ҷаҳон мебошад ва барои истифода дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар Ховари Миёна қарор дошт, барои таъмир аз минтақа берун ва ба як пойгоҳи дарёии Юнон бурда мешавад. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.