Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон дабири Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар таъин шудааст. Дар ин бора Маҳдӣ Таботабоӣ, муовини иртиботот ва иттилоърасонии дафтари раисҷумҳури Эрон дирӯз, 24-уми март, хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Зулқадр ба ин мансаб бо назар ва мувофиқати раҳбари олии Эрон ва бо фармони раисҷумҳури ин кишвар таъин шудааст. Ӯ дар вазифаи дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Алии Лориҷониро иваз мекунад, ки шаби 16 ба 17-уми март дар ҳамлаи Исроил ҳамроҳ бо писару муовин ва чанде аз муҳофизонаш кушта шуда буд.
Зулқадри 72-сола аз фармондеҳони баландпояи пешини Сипоҳи посдорони Эрон аст ва пас аз ҷанг бо Ироқ 8 сол (1989—1997) сардори ситоди муштарак ва 8 соли дигар (1997—2005) муовини фармондеҳи кулли Сипоҳ буд. Ӯ яке аз асосгузорони қароргоҳи хориҷии Рамазони Сипоҳ гуфта мешавад, ки баъдтар бар асоси сохтор ва фаъолияти ин қароргоҳ Нерӯҳои Қудс (бахши хориҷии Сипоҳи посдорон) ташкил шуд.
Дар давраи пеш аз Инқилоби Исломии Эрон Зулқадр узви гурӯҳи "Мансурун" ва дар муборизаҳои мусаллаҳона алайҳи низоми шоҳаншоҳии Эрон фаъол буд.
Ӯ дар мансабҳои дигаре ба монанди муовини вазири корҳои дохилӣ ва Қувваи қазоя (Додгоҳи олӣ)-и Эрон кор кардааст ва аз соли 2021 инҷониб дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом аст.
Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар низоми давлатдории ин кишвар чӣ ҷойгоҳе дорад, дар матлаби “Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?” мутолиа кунед.
Ҳамчунин, дар ин маводи Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист? хонед, ки Алии Лориҷонӣ кӣ буд ва дар низоми Эрон чӣ нақше дошт.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста