Дар як ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов мушкилоти соҳаи тандурустии вилоят мавридӣ баррасӣ қарор гирифтааст.
Бино ба итилои шуъбаи таҳлилию итилоотии дастгоҳи раиси вилоят, дар ин ҷаласа, ки имрӯз 28-уми феврал сурат гирифт, вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Нусратулло Файзулло, сардорони раёсатҳои соҳаи тандурустӣ, марказҳои саломатӣ, сардухтурони беморхонаҳои вилоятию шаҳрӣ ва навоҳии вилоят ҳузур доштаанд.
Дақиқан кадом мушкилиҳои соҳа мавриди баҳс ва таҳлили раиси вилоят ва вазир қарор гирифтаанд, маълум нест. Дар ин росто шуъбаи итилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят изҳори бехабарӣ намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур танҳо роҳбарони васоити ахбори умуми давлатии вилоят даъват шуда буданд.
Бояд ёдовар шуд, ки раиси вилоят моҳи декабри соли гузашта зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз иҷро нашудани барномаи давлатии «Рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015» изҳори нигаронӣ намуда, зикр карда буд, ки дар соли 2013 барномаи мазкур ҳамаги 36,2% иҷро шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста