Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тартиби имтиёзҳоро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муаяйн кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ (ММТ), аз рӯйи қарори баррасишуда довталабоне, ки падару модарашон вафот кардаанд, пурра аз пардохти маблағ озоданд ва довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд. танҳо 50% аз маблағи муқарраршударо мепардозанд.
Ба иттилои мнабаъ, қарори мазкур ҳангоми бақайдгирии довталабон дар сурати пешниҳоди нусхаи асли ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки мақомоти давлатии ваколатдор додааст, аз ҷониби Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба инобат гирифта мешавад.
Қобили зикр аст, ки феълан барои сабтиноми довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар Бадахшон 1 нуқта таъсис дода шудааст. Бақайдгирии довталабон 1-уми март оғоз гардида, то 15-уми апрел идома меёбад.
Ёдрас мекунем, ки ахиран дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 150 сомонӣ муайян шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста