Зимни вохӯрии корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия бо директори генералии ширкати сохтмони «РемСтройКомнуш»-и шаҳри Ревдаи вилояти Свердловски Русия Файзалӣ Шарипов роҳбари ширкат изҳор намудааст, ки онҳо ба қабули беш аз 60 нафар мутахассисон аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик омодаанд.
Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки роҳбари ширкати сохтмонии Русия зикр кардааст, ки айни замон дар навбати аввал онҳо ба хиштчинон, андовагарон, насбгарон, кафшергарон, устои барқ ва мутахассисони дигар касбу корҳои сохтмонӣ ниёз доранд.
«Ширкати сохтмонӣ ба муҳоҷирон дар анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозатномавии будубош ва кор мусоидат намуда, ҳамчунин муҳоҷирони кориро бо хобгоҳ ва ғизо таъмин менамояд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи манбаъ, дар остонаи фарорасии мавсими корӣ ба намояндагӣ аз корфармоёни рус дархостҳо мерасанд ва намояндагӣ баҳри ҷалби корфармоёни имконпазир ҷиҳати бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Русия ҳамаҷониба тадбир меандешад.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста