Аз 1-уми март дар Тоҷикистон бояд ба ҷойи шиносномаҳои муқаррарии коғазӣ ID-корт ё худ кортҳои идентификатсионӣ ҷорӣ мешуд.
Ахири моҳи феврал аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки додани кортҳо ба ҷойи шиносномаҳои дохилӣ (намунаи соли 1996) дар муҳлати пешнибинишуда оғоз мегардад. Аммо тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ин амал бинобар сабабҳои техникӣ мавқуф гузошта мешавад.
«Яъне агар феълан шаҳрванд ба мизи шиносномадиҳӣ барои дастрас кардани ID-корт ё ивази шиноснома муроҷиат намояд, алҳол чунин имкон мавҷуд нест. Низоми нав рӯзҳои наздик ҷорӣ мешавад», - шарҳ доданд дар ВКД.
Дар Вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки арзиши ID-корт 10 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Иваз кардани шиносномаҳои маъмулии шаҳрвандони кишвар ба ID карта мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сентябри соли 2013 таҳти №1519 «Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷорӣ карда шудааст. Инчунин таъкид гардидааст, ки шиносномаҳои айни замондоштаи шаҳрвандони кишвар то замони ба поён расидани эътиборашон амал мекунанд.
Мувофиқи фармони мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаҳои байналмилалӣ кишварҳои хориҷиро низ бояд аз ҷорӣ шудани кортҳои шиносоии шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараён гузорад ва ба хотири таъмини сафарҳои байналмилалии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро барои эътирофи ин санад ба сифати ҳуҷҷати байналмилалии ташхискунандаи ҳувияти шахс рӯйи кор оваранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста