Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ беш аз 1 ҳазор дона шишаҳои маҳсулоти машруботӣ аз фурӯш гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори бахши «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Қӯрғонтеппа Икромиддин Валиев хабар дод, дар ҷараёни санҷиши маҳсулоти ҶСП «Кӯҳсори Хатлон» беш аз 1 ҳазор дона шишаҳои маҳсулоти машруботӣ, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуда, қоидаҳои тамғазанӣ, сифат ва ҳаҷми маҳслуот дар он риоя нашудаанд, ошкор гардидаанд. «Тамоми маҳсулот аз фурӯш гирифта шуда, барои ба мутобиқат овардан ба меъёрҳо баргардонида шуд ва нисбати шахсони масъули ҶП «Кӯҳистони Хатлон» санади ҷалб ба ҷазои маъмурӣ таҳия гардид», - гуфт ӯ.
Ба қавли Валиев, бо мақсади кумак ба истеъмолгарон ва соҳибкорон дар ҳамаи бозорҳои минтақа «Тоҷикстандарт» бо як корманд ҳуҷраи алоҳидае боз хоҳад кард. «Дар бозорҳои марказии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Панҷ мо барои соҳибкорон семинарҳо гузаронида, дар ин бозорҳо кабинети худро кушодем. Ояндаи наздик дар тамоми бозорҳои минтақа кабинетҳои мо боз мегарданд ва харидорону фурӯшандагон зимни пайдо шудани мушкилоте метавонанд ба онҳо муроҷиат намоянд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста