Рӯзи 4-уми март ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама ба ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик, директори ТҶ «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназарова ҷоизаи International Women of Courage- ро супурд, ки ҳамасола аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҷасорат ба 10 нафар занон аз саросари ҷаҳон тақдим карда мешавад.

Ҷоизаи ҳамасолаи International Women of Courage соли 2007 дар ИМА аз ҷониби котиби давлатии ин кишвар Кондолиза Райс таъсис дода шуд. Ҷоиза ба заноне тақдим мегардад, ки ба фаъолият дар бахши мубориза баҳри риояи ҳуқуқи инсон ва пешрафти ҷомеа саҳм гузошта, дар ин роҳ баъзан ба хатарҳо низ дучор мешаванд.

Бино ба иттилои Agence France-Presse, миёни дигар занони ба ҷойиза мушаррафгардида ҳомии ҳуқуқи 19-сола аз Ҳиндустон Лакшми (Laxmi), адвокат аз Фиҷи Рошика Део (Roshika Deo), гинеколог аз Афғонистон Насрин Ориакил (Nasrin Oryakhil), епископи калисои Евангелӣ-баптистии Гурҷистон Русудан Готсаридзе ва дигарон ҳузур доранд.

Маросими тақдими ҷоизаҳо дар бинои Департаменти давлатии ИМА баргузор шуд. Котиби давлатии ИМА, ки маъмулан дар ин маросим иштирок мекунад, ин дафъа дар он ҳузур надошт, зеро Ҷон Керри айни замон дар Киев аст.

Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива +”, ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.